Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азбаски бачаҳоям гурусна буданд, узви баданамро қурбонӣ кардам" ВИДЕО


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Моҳи январ Созмони Милал бо муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои кӯмакҳои башарӣ ба Афғонистон чаҳоруним миллиард доллар ҷамъ оваранд, ки бузургтарин дархости кумак барои як кишвар аст.

Баъди ба қудрат расидани Толибон дар ним соли пеш, таҳримот ба зидди онҳо, аҳволи иқтисоди Афғонистон табоҳ шуд. Гуруснагиву бечорагӣ баъзе аз мардумро дар инҷо ба корҳое водор кардааст, ки тасаввураш сахт аст. Хабарнигори Садои Амрико, ки ба вилояти Ҳирот рафтааст, мегӯяд, дар инҷо гурдафурӯшӣ барои ба даст овардани бурдае нону пардохти қарз ба як кори роиҷ табдил мешавад.

Фиребо, яке аз сокинони Ҳирот ҳоло фақат корҳои сабуки хонаро иҷро мекунад, зеро тавони иҷрои корҳои вазнинро надорад. Чунки як гурдаашро ду сол пеш фурӯхт. Хонаводаи қашшоқу бенавои ӯ дар ним соли гузашта бенавотар шуд. Ӯ мегӯяд: "Чаҳор-панҷ моҳ мешавад, ки шавҳарам кор намекунад. Барои хӯрдан чизе надорем, барои сӯхтан чизе надорем, аз давлат тақозо мекунем, кумак кунанд. Кӯдаконам беморанд, барои табибу даво пул надорем.”

Фиребо гурдаашро фурӯхт, то пуле барои пешбурди рӯзгораш пайдо кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Пеш аз онки Толибон ҳукумати Афғонистонро бигиранд, шавҳараш бо муздурӣ рӯзона 3.5 доллар кор мекард. Аз замони омадани Толибон, ба сахтӣ кору пул меёбад. Ба Фиребо барои гурдааш 2 ҳазор доллар додаанд, вале онро ҳам барои бозгардонидани қарзи оила сарф кардаанд.

Дар маҳаллаи онҳо зоҳиран гурдафурӯшӣ як кори маъмулист. Як мард гуфт, панҷ бародараш ин корро кардаанд. Дар урдугоҳе чанд километр дуртар аз инҷо Оллоҳ Назар се моҳ пеш аз ноилоҷӣ гурдаашро фурӯхтааст.

Оллоҳ Назар ба Садои Амрико гуфт: "Баъди тағйири ҳукумат, ҳамачиз гарон шуд. Мо хостем, кишварро тарк кунем, аммо натавонистем. Барои ҳамин гурдаамро фурӯхтам."

Ӯ замоне, кишоварзиву чорвопарварӣ мекардааст, аммо ҷанг хонаву амволашро нобуд кардааст. Оллоҳ Назар яке аз 9 миллион беҷошудагони афғон аст.

Пеш аз ғасби қудрат дар моҳи августи соли 2021 Афғонистони ҷангзада сахт пойбанди кумакҳои хориҷӣ буд. Қатъи кумакҳо бар иловаи номуайянӣ, сабаби афзудани бекориву сустии тиҷорат ва бадтар гаштани аҳволи кишвар дар ним соли гузашта шуд.

Ба гуфтаи Созмони Милал ҳоло нисфе аз мардуми Афғонистон дар вартаи гуруснагӣ ҳастанд. Барои ҳамин қисме аз ночориву ноилоҷӣ узви бадани хешро мефурӯшанд. Зайнуллоҳ тақрибан якуним моҳ пеш як гурдаашро фурӯхтааст ва мегӯяд, маҷбур буд, узве аз баданашро барои бачаҳояш қурбон кунад.

Зайнуллоҳ мегӯяд: “Азбаски барои хӯронидани оилаам ба пул эҳтиёҷ доштам, аз одамон қарз гирифтам. Баъдан бародарам ҳам дигар ба ман пул надод, зеро худаш ҳам муҳтоҷ аст. Ба оилаи ман нон зарур аст, вале як халтаи орд 20 доллар аст. Азбаски оиларо хӯронда натавонистам, бачаҳоям гурусна буданд, узви бадани худро қурбонӣ кардам.”

Дар инҷо дар хонаи Фиребо аҳвол рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Оилааш субҳу шом биринҷи холӣ мехӯрад. Азбаски аз ҷойе кумак намерасад, мегӯяд, дар андешаи фурӯхтани яке аз ҷигарбандон ва духтараки хурдиаш афтодааст.

XS
SM
MD
LG