Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбарони инсон бо гурдафурӯшӣ машғул будаанд


фурудгоҳи "Бориспол"-и Украина
фурудгоҳи "Бориспол"-и Украина

Дар Украина гурӯҳе боздошт шуд, ки дар давоми ду соли охир бо фурӯши "моли зинда" машғул будааст.

Хадамоти амнияти Украина гузориш дод, ки дар натиҷаи амалиёти чандинрӯзааш аз фаъолияти як гурӯҳи қочоқбари инсон ҷилавгирӣ кардааст, ки бо ҳадафи истифодаи гурдаҳо ба хариду фурӯши инсон машғул будааст. Муайян шудааст, ки дар давоми солҳои 2011-2012 аъзои ин гурӯҳ сокинони нодори Украинаро ҷустуҷӯву ҷалб карда бо санаду шиносномаҳо сафари онҳоро ба хориҷ ташкил мекарданд ва баъдан ба дасти шариконашон месупорданд, то ки онҳо амалиёти кандани гурдаҳои ин инсонҳоро анҷом диҳанд. Амалиёти мазкур дар марказҳои тиббии Эквадор, Коста Рика ва Шри-Ланка анҷом шуда, донорҳо барои маҳрум шуданашон аз гурда 10 ҳазор доллар подош мегирифтанд.


Рӯзи 3 ноябр дар фурудгоҳи байналмилалии «Бориспол» ҳангоми гузаштан аз қайди фурудгоҳ ходимони амниятии Украина ташкилкунандаи шабакаи қочоқи инсон ва ду шаҳрванди аз ҷониби ӯ ҷалбшудаи Украина, сокинони 27 ва 35-солаи вилояти Тернополро боздошт карданд. Онҳо ният доштанд аз Киев ба Мадрид парвоз кунанд ва баъдан дар Коста Рика амалиёти тиббии кандани гурдаро гузаранд.

Тибқи иттилои тафтишот, ташкилкунандаи ин бизнеси сиёҳ марди 34-солаи украинӣ, ки доғи судӣ доштааст, барои таъмини ҳар як донор дар ҳудуди ду то се ҳазор доллар подош дарёфт мекард. Вазифаи вай пайдо кардани афроди солиму ҷавон будааст. «Маъмулан ба дасти ӯ ҷавонмардоне меафтодаанд, ки нодору ниёзманд, қарздору серфарзанд буданд ва аз зиндагӣ ноумед шудаанд», мегӯяд полиси Украина.

Дар натиҷаи тафтиши манзили шахси боздоштшуда маълум гардидааст, ки баъди пайдо кардани қурбонии навбатӣ, ин гурӯҳ ӯро аз муоинаи муфассали тиббӣ гузаронида, махсус вазъи гурдаҳояшро месанҷидааст. Аз рӯи иттилои полис, дар тамоми ин муддат гурӯҳи ҷинояткор ҳафт шаҳрванди Украинаро ҳамингуна ба хориҷа интиқол додааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 149 Кодекси ҷиноии Украина, яъне «Хариду фурӯши инсон ва дигар муомилаи ғайриқонунӣ нисбати инсон» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин парвада аз се то ҳашт соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. Тафтиши қазия ҳамоно давом дорад.

Аз рӯи иттилои коршиносони соҳаи ҷинояткорӣ, қонуншиканиҳои мисли қочоқи инсон дар тамоми ҷаҳон ба гурӯҳи ҷиноятҳои сердаромад шомил шуда, аз ин хотир, хусусияти байнидавлатӣ касб кардаанд.

Аз рӯи иттилои коршиносони СММ, солона то 700 ҳазор нафар дар ҷаҳон қурбони қочоқбарони инсон мешаванд. Ба ҳисоби миёна, даромад аз ин бизнеси сиёҳ 60 миллион доллар дар солро ташкил медодааст, ки аз назари ҳаҷми даромад бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳам силоҳ баробар будааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG