Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон шаҳрванди Эрону дӯсти тоҷикашро ба зиндон андохтанд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Дар Тоҷикистон як шаҳрванди Эронро бо гуноҳи пошидани кислота ба рӯи як зани тоҷик ва талош барои қатли ҳамсари собиқи тоҷикаш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ, хабар дод, ки муҳокимаи Саидҳусейн Ризвониёни 49-сола дар додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми январ ба поён расидааст ва додгоҳ ӯро бо гуноҳи талош барои Гулбаҳор Ашӯрзодаи 30-сола ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки ин ду нафар то соли 2021 бо никоҳи мусулмонӣ ҳамроҳ зиндагонӣ мекардаанд ва сипас ҷудо шудаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, Саидҳусейн Ризоиён аз рашку хусумат нисбати ҳамсари собиқаш, ки мехостааст, моҳи октябр ба як тарабхонае равад, ҳамроҳ бо дӯсти тоҷикаш ба ҳавлии дугонаи Гулбаҳор Ашӯрзода дар ноҳияи Ёвон рафта ва хостаанд, шабона ӯро ба қатл расонанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, ҳарду баъди вуруди Гулбаҳор Ашӯрзода ва дугонааш ба ҳавлӣ ба рӯи яке кислота пошидаанд ва сипас Ашӯрзодаро бо табар задаанд. Бо вуҷуди чанд зарбаи табар, Гулбаҳор Ашӯрзода зинда мондааст.

Додгоҳ барои ин ҷиноят Саидҳусейн Ризвониёнро ба 17 сол ва дӯсти ӯ Комрон Нуралиев, сокини шаҳри Кулобро ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳарду бояд ин муҳлатро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунанд. Назари вакилони дифои ҳарду маълум нест.

XS
SM
MD
LG