Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамрализода: "Ҳеч ширкат барои харидани Азот дархост надод"


Корхонаи "Азот" дар шаҳри Леваканд.
Корхонаи "Азот" дар шаҳри Леваканд.

Барои харидани корхонаи кимиёвии "Азот" дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон то ба ҳол ҳеч ширкате дархост надодааст.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, муҳлати баргузории музояда ё тендер то 30-юми июл муқаррар шудааст. Вале ӯ гуфт, "то ҳол ҳеч ширкати дохилӣ ё хориҷӣ барои иштирок дар музояда дархост надод".

Ба қавли ӯ, то замони паҳншавии COVID-19 ширкатҳои маъруфе аз Чин, Малайзия, Туркия ва ширкатҳои ватанӣ мехостанд дар ин музояда ширкат кунанд, "аммо ин беморӣ дар кори онҳо монеъ шуд".

"Агар ҳеч ширкат дар музояда ширкат накунад, водор мешавем озмуни наве эълон кунем", - афзуд раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.

Ба қавли Фаррух Ҳамрализода, тибқи муқаррароти музояда, ширкати ғолиб дар музояда бояд 180 миллион сомонӣ барои ширкати "Азот" пардохт карда, 400 миллион сомонӣ барои рушди ин корхона сармоягузорӣ кунад.

Маблағи асосӣ барои кашидани лӯлаи газ сарф хоҳад шуд. Ба бовари Ҳамрализода, ин тарҳ аз аҳамияти минтақавӣ бархӯрдор аст, зеро тавлидоти он дар Афғонистон муштарии зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG