Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корхонаи азими Тоҷикистон - оҷиз ва қарздор аз коргарон. ВИДЕО


Наталия Нихиева, як зани рус, ки аз собиқадорони "Тоҷиказот" музди кори тақрибан якунимсолаашро нагирифтааст. Як замон бузургтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон ҳоло оҷиз аст ва наметавонад, 13 ҳазор сомонӣ пули як корманди 50-солаи худро бипардозад. Кормандеро, ки ҷавониашро бо кор дар “Тоҷиказот” сипарӣ кардааст.

Наталия Нихиева, мегӯяд, барои муолиҷа пул лозим дорад, вале намедонад, ки кай маошашро медиҳанду ӯ ба бемористон меравад.

Бовар кунед, дигар поям намекашад, тарафи ҳамон корхона равам.

"Ҷавобе нест, ҳама дар ташвишанд. Ҳамаи мо нақша доштем, яке мехост зан гирад, дигаре таҳсил кунад, худам мехостам, табобат кунам, вале ҳеч чиз маълум нест. Ҳеҷ кас ба мо чизе намегӯяд" – гила кард, Наталия ба Радиои Озодӣ.

Наталия Нихиева сокини ноҳияи Сарбанд аз соли 1981 дар “Тоҷиказот” ба ҳайси кафшергар кор мекунад ва мегӯяд, ки аз онки корашонро қадр намекунанд, аламаш мекунад. На танҳо Наталия, балки даҳҳо коргари дигари “Тоҷиказот” мунтазиранд, ки корхона пулашонро бидиҳад ва аз он нигаронанд, ки бо барҳам хӯрдани он мумкин аст, аз ҳаққи ҳалоли худ маҳрум шаванд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Пули кормандони "Тоҷиказот"-ро кӣ медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00

Корхонаи “Тоҷиказот”-ро соли 2001 миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташ харид, 75 дар сади саҳмияҳояш дар ихтиёри ин фарди сарватманд буд. Вале соли 2014 баъди ҷанҷоле, додгоҳ санади хариди саҳмияҳоро беэътибор кард ва онро дигарбора ба ихтиёри давлат доданд. Шашсад коргар ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта амр дод, ки корхонаи “Тоҷиказот”-ро барҳам бидиҳанд. Дар заминаи он корхонаи нави кимиёвии "Нуриҳои Осиё" таъсис ёфт ва сармоягузори асосиаш Чин аст. Арзу шикояти даҳҳо корманди собиқадори "Тоҷиказот", ки музди чандмоҳаи худро бигиранд, ба гӯши мақомот расидааст, ки барои баргардонидани пули онҳо комиссияи махсус таъсис додаанд.

Бӯрӣ Қурбонов 7 ҳазор сомониашро гирифта наметавонад.
Бӯрӣ Қурбонов 7 ҳазор сомониашро гирифта наметавонад.

"Комиссия таъсис шудааст, ки пули кормандонро баргардонад. Ин чиз дар баррасии вазорати молия қарор дорад. Дар комиссия аъзои ҳукумати вилоят низ ҳастанд" - гуфт, Ҳамза Бобозода, як масъули Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Хатлон.

Ҳоло 266 кормандони собиқ ва феълии корхона бояд пули корашонро бигиранд. Пули онҳоро бояд аз ҳисоби давлат пардозанд. Файзиддин Давлатов, ки 30 сол дар Тоҷиказот кор кардааст, мегӯяд, ки агар 28 ҳазор сомонӣ музди маошашро ба ӯ диҳанд, барои писари калониаш хона месозад ва аз дарди сар озод мешавад. Аммо кай ин пулро мегирад, аз дарди сар халос мешавад, маълум нест.

"Шахсан ман бояд 28 ҳазор сомонӣ гирам, мехостам камбудиҳоямро ҳал кунам. Ман сардори як анбор ҳастам, ки бояд пуламро бигирам, вале пули моро надоданд, муроҷиат кардем, ба иттифоқи касаба, ба додситони муроҷиат кардем, ки гуфтанд мо ҳал карда наметонем, бояд ҳукумат ҳал кунад" – гуфт Файзиддин Давлатов.

Мисли ӯ 66 нафар расман ба мақомот барои гирифтани музди корашон ба мақомот муроҷиат кардаанд. Файзиддин Раҳмонов, сардори корхонаи "Тоҷик- Азот", ки ҳоло номаш ба "Нуриҳои Осиё" иваз шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қарз аз кормандон зиёда аз ду миллион сомонӣ аст.

"Ин пул аз солҳои пеш аст. Масъала дар ваколати комиссия аст, ки бояд ҳал шавад" - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ

Маълум нест, комиссия кай пули мардумро бармегардонад ва бисёре аз кормандони корхона ҳам аз рафтану омадан ба корхона ва барои гирифтани ҳаққи ҳалоли худ хаста шудаанд. “Бовар кунед, дигар поям намекашад, тарафи ҳамон корхона равам” – мегӯяд, Бӯрӣ Қурбонов, яке дигар аз коргарони корхона, ки муддати тӯлонист 7 ҳазор сомониашро гирифта наметавонад.

XS
SM
MD
LG