Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтани занони афғон ба беморхона бе марди маҳрам манъ шуд


Гуруҳи Толибон дар вилояти Ғазнии Афғонистон ба табибон дастур додаанд, ки ба бонувон танҳо дар ҳузури марди маҳрамашон ёрии тиббӣ расонанд.

Пештар занон дар Афғонистон ҳақ доштанд, ки ҳамроҳи яке аз наздиконашон ба беморхона раванд. Вале комиссияи дахлдори Толибон рафтани бонувон ба беморхонаро бидуни марди маҳрам "ғайриқонунӣ ва бадахлоқӣ" номида, ба табибон дастур додаанд, ки занонро танҳо дар ҳузури марди маҳрамашон муойина кунанд.

Расонаи "Etilaatroz" бо истинод ба манбаи худ дар Вазорати тандурустии Афғонистон иттилоъ додааст, ки дастури ахир ба табибони вилоятҳои дигари он кишвар низ дахл дорад.

Гуруҳи Толибон аввалҳои моҳи августи соли равон дар Афғонистон сари қудрат омад. То кунун ҳеҷ кишвари дунё ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG