Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як вилояти Русия кори муҳоҷиронро маҳдуд карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар вилояти Калугаи Русия фаъолияти муҳоҷиронро дар бисёре аз соҳаҳо манъ кардаанд. Сухангӯи ҳукумати Калуга рӯзи 11-уми феврал гуфт, корхонаҳое, ки дар бахши савдову ғизо ва нақлиёти мусофирбар кор мекунанд, дигар иҷоза надоранд, шаҳрвандони хориҷиро бо патент ба кор қабул кунанд.

Ба ин тартиб, муҳоҷирон дар ин вилояти Русия аз ҳаққи кор дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла таксиронӣ ва савдои чакана маҳрум шуда, дигар иҷозаи ба мизоҷон расонидани хӯрокро надоранд. Аммо метавонанд, дар нақлиёти роҳи оҳан кор кунанд.

Ба корфармоён дар вилояти Калуга 3 моҳ муҳлат дода шудааст, то ба ҷойи муҳоҷирон шаҳрвандони Русияро ба кор қабул кунанд. Ҳамчунин дар ин вилоят, барномаи "мусоидат ба кӯчбандии ихтиёрии русиягиҳои бурунмарзӣ ба Калуга" мутаваққиф шуд. Ин барнома, ки 14 сол боз амалӣ мешуд, ба хоҳишмандон имкон медод, бо тартиби сабуктар ба Руссия кӯч банданд.

“Давоми 14 сол ба вилоят 90 ҳазор ҳамватани мо омаданд. Солҳои аввали амалишавӣ ин барнома натиҷаҳои ҳадафрас дошт. 80 дар сади бозгаштаҳо мардумии славян буданд. Аммо солҳои охир шумори мардуми славянӣ то 17 дар сад поин шуд. Аксари онҳое, ки ҳоло тибқи барномаи кӯчбандӣ ба ин минтақа меоянд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозанд. Бинобар ин, ҳоло барнома ҳадафи муайяншударо наметавонад амалӣ кунад,” – гуфта шудааст дар хабарномаи ҳукумати Калуга, ки 11-уми феврал нашр шуд.

Қарори раиси вилояти Калуга дар бораи маҳдуд кардани кори муҳоҷирон дар ин минтақа дар ҳолест, ки дар Русия тайи чанд моҳи охир масъалаи ба ҷойи муҳоҷирон ба кор гирифтани зиндониёнро баррасӣ доранд. Моҳе пеш вазири адлияи Русия ҳам пешниҳод кард, ки шумори маҳбусоне, ки ба меҳнати маҷбурӣ фиристода мешаванд, зиёд карда шавад. Эҳтимол онҳо ба сохтмонҳо ҳам ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG