Бо вуҷуди бештар шудани парвози мунтазами ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия, ба қавли сокинон, нархи билет тақрибан бетағйир мондааст. Чанде аз корафтодаҳо рӯзи 10-уми сентябр гуфтанд, ҳарчанд ба мисли пешина барои харидани билет ҷанҷолу навбат нест, нархи он ҳанӯз барои шахсони миёнҳол дастнорас мемонад.
Дар Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мавзуъро ба таври расмӣ шарҳ надоданд. Билетфурӯшон мегӯянд, ҳанӯз барои поин овардани нарх дастур нагирифтанд.
Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон пештар хабар дода буд, ки аз 27-уми август шумори парвозҳо дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз чаҳор парвоз дар як ҳафта ба чаҳордаҳ мерасад ва эҳтимол ба арзиши билет ҳам таъсир расонад.
Ҳаким Фозилов, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, барои сафари писараш ба Русия 6500 сомонӣ харҷ карданд. "Аз дӯконҳои билетфурӯшӣ пурсидем, нархи пешина аст. Қарз гирифта, билет харидем", -- гуфт ӯ рӯзи 10-уми сентябр. Мусоҳиби дигари мо, Аюб Ҷавҳаров, ки нияти ба Русия рафтанро дорад, айни гапро гуфт, вале афзуд, "бо вуҷуди гаронии нарх маҷбур ҳастем, билет гирем ва ба барои кор ба Русия равем."
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Гаронии нарх боис шудааст, ки теъдоде аз сокинони Тоҷикистон барои рафтан ба Русия Узбекистонро ҳамчун кишвари транзит истифода намоянд, чун мегӯянд, "нархи равуо тавассути кишвари ҳамсоя нисбатан арзон аст". Аммо ба сабаби расман баста будани роҳи заминӣ байни Тоҷикистону Узбекистон на ҳама имкони гузаштан аз сарҳадро доранд. Қаблан баъзе аз мусофирон аз мавридҳои "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ шикоят карда буданд.
Дар ин миён шахсоне ҳастанд, ки мегӯянд, дар муқоиса ба чанд моҳ пеш нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия нисбатан арзон ва шароити дастрас карданаш осон шудааст. Шаҳзод Саидхонов, сокини пойтахт, гуфт, "моҳҳои пеш, агар ба ёд дошта бошед, нархи билет 8-9 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам зиёдтар буд. Ҳоло то шаш ҳазор поин омадааст."
Фурӯшандаҳо: Ҳанӯз дастуре нест
Дар дӯконҳои билетфурӯшӣ гуфтанд, ҳанӯз дар бораи арзон кардани нархи билет аз сӯйи масъулон ҳеч дастур нагирифтаанд. Яке аз фурӯшандаҳо бидуни зикри ном гуфт, "агар нарх арзон шавад, зуд ба система ворид мекунанд ва мо бар асоси он ба муштариён билет мефурӯшем. То ҳол чунин нашудааст. Мо низ намедонем, чаро нарх тағйир наёфт".
Як намояндаи Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ афзоиши парвози ҳавопаймоҳоро дар тақрибан ду ҳафтаи охир тасдиқ кард, аммо бетағйир мондани нархи билетро шарҳ надод. Вай гуфт, "суҳбат дар бораи нарх танҳо салоҳияти роҳбарият аст". Тамосҳои мо бо роҳбарияти Оҷонсӣ то ин дам бенатиҷа буд.
Ҳоло ҳавопаймҳои ширкатҳои "Ют Эйр", "Уралские авиалини", "Сибир", "Ямал"-и Русия ва "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон иҷозаи парвоз байни ду кишварро доранд.
Баъди бештар аз як соли қатъи парвози мунтазам миёни Тоҷикистону Русия, моҳи апрели имсол он дигарбора аз сар гирифта шуд. Дар аввал шумори парвозҳо кам ва талабгорони сафар зиёд буд. Аз ин рӯ, навбати дароз ва ҷанҷол барои харидани билет ба вуҷуд омад.
Рӯзи 10-уми сентябр дар назди дӯконҳои билетфурӯшӣ таҷаммӯи харидорон ба назар намерасид, ҳарчанд иддае барои ёфтани билети арзон аз ин дӯкон ба он дӯкон сар мезаданд.
Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар ва рӯзгори оилаҳо дар Тоҷикистон муҳим хонда мешавад. Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ хабар медиҳанд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, асосан набудани ҷойи кор бо маоши муносиб сабаб шудааст, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия бираванд.