Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пулу ҷиҳозамонро гирифта наметавонем." Шикояти даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз пулиси Маскав


Муҳоҷирони тоҷик дар мусофирбар. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирони тоҷик дар мусофирбар. Акс аз бойгонӣ

Тақрибан сӣ муҳоҷири тоҷик шикоят доранд, ки телефонҳои мобилӣ, либос ва ним миллион рубли худро аз пулиси Маскав пас гирифта наметавонанд. Онҳо 27-уми январи имсол бо гумони фаъолият дар як корхонаи ғайриқонунии истеҳсоли шароб дастгир ва пас аз ду рӯз раҳо шудаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҷиҳози муҳоҷирон дар шуъбаи тафтишот аст.

Лоиқ Самадов, яке аз муҳоҷирон, рӯзи 10-уми феврал, гуфт, дар корхонаи шаробсозӣ чаҳор моҳ кор карданд, аммо дар бораи ғайриқонунӣ буданаш чизе намедонистанд.

“Мо фиребхӯрда ҳастем ва пулис ҳам пас аз ду рӯзи боздошт раҳо кард,” – мегӯяд ӯ. Ончи мояи нигаронии Лоиқ Самадов ва ҳамроҳонаш шудааст, “банд мондан”-и тақрибан ним миллион рубл, телефонҳои мобилӣ ва либосу ҷиҳози дигари онҳост.

“Пули охиринамон буд, ки ҳангоми боздошт бо худамон ба Шуъбаи пулис бурда будем. Ман 60 ҳазор рубл доштам. Ҳоло ягон танга надорам. Либоси гарм ҳам дар он ҷо мондааст. Борҳо ба Шуъбаи пулис рафтем, хоҳиш кардем, ки ба мо пас диҳанд, вале надоданд,” – шиква кард муҳоҷири тоҷик.

Корхонаи истеҳсоли шароб ба як шаҳрванди Арманистон тааллуқ доштааст. Талоши тамос бо ӯ натиҷа надод.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, аз рӯзи тафтиши корхона ӯ “гум шудааст”. Зайдулло Шовалиев, муҳоҷири дигари тоҷик, мегӯяд, ба сафорат ва пулис муроҷиат карданд, то ҷиҳозу пулашонро баргардонанд.

Дар бахши навбатдории Шуъбаи пулиси “Бутовои Ҷанубӣ”-и Маскав (муҳоҷирон дар онҷо буданд) рӯзи 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳодиса замоне огоҳ шуданд, ки дар наздикии корхонаи шаробсозӣ “ғоратгарӣ сурат гирифт”.

“Телефон ва ашёи муҳоҷирон дар Шуъбаи тафтишот аст. Пас аз таҳқиқ онҳо баргардонда мешаванд,” – гуфт навбатдори шуъба.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ҳодиса хабар доранд ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ғайриқонунӣ боиси нигаронӣ аст.

“Мо таҳқиқ кардем ва маълум шуд, ки чанд моҳ шаҳрвандони мо ғайриқонунӣ кор кардаанд. Албатта, ба онҳо мадад мерасонем, вале хоҳиш дорем, пеш аз оғози кор қарордод банданд ва қонунӣ будан ё набудани корхонаро пурсанд,” – гуфтанд дар маркази матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ Тоҷикистон ва Русияро танқид кардаанд, ки барои муҳоҷирон шароити қонунии корро фароҳам намесозанд ва ин вазъ дардисари зиёде барои онҳо ба бор меорад.

Русия макони кору зиндагии ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик аст. Ҷалби онҳо ба корҳои ғайриқонунӣ ва фиреб аз ҷониби корфармо зуд-зуд расонаӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG