Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як муҳоҷири тоҷикро дар Русия куштаанд. Сафорат хост, қатли Эмомалӣ Давлатов одилона таҳқиқ шавад


Раҳбари ҷамъияти тоҷикон ("Сомониён") дар Санкт-Петербург гуфт, ки муҳоҷири кушташуда Давлатов Эмомалӣ Муҳаммадзарифович аз шаҳри Ваҳдат будааст
Раҳбари ҷамъияти тоҷикон ("Сомониён") дар Санкт-Петербург гуфт, ки муҳоҷири кушташуда Давлатов Эмомалӣ Муҳаммадзарифович аз шаҳри Ваҳдат будааст

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти Русия хостааст, қатли муҳоҷири тоҷик Эмомалӣ Давлатовро одилона таҳқиқ кунанд. Мақомот мегӯянд, ин шаҳрванди Тоҷикистон 23-юми январ дар шаҳри Санкт-Петербург бераҳмона кушта шуд. "Сафорат ҷиҳати мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур ба мақомоти дахлдори кишвари иқомат ёддошти расмӣ ирсол намуд," --омадааст дар баёнияе, ки 24-уми январ нашр шуд.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро шоми якшанбе дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург куштаанд. Манобеъ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ 24-уми январ ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ҳамлаварон гардану қафаси сина ва пушти сари ӯро буриданд.

Назар Мирзода, раҳбари ҷамъияти тоҷикон ("Сомониён") дар Санкт-Петербург, рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, муҳоҷири кушташудаи тоҷик Давлатов Эмомалӣ Муҳаммадзарифович аз шаҳри Ваҳдат будааст. Хабаргузории ТАСС навишт, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2021 бо патент дар Русия кор мекард.

Мирзода мегӯяд, тибқи иттилое, ки онҳо гирифтанд, ҷавони тоҷик се мусофири русро бо таксии худ ба фурудгоҳи Пулково бурда, дар натиҷаи ҷанҷол бар сари роҳкиро кушта шуд. "Дар ҳадди ақал ду моҳи охир ин сеюмин мавриди марги муҳоҷирони тоҷик дар Санкт-Петербург аст," – афзуд ӯ.

Чанде пеш, ба гуфтаи Мирзода, "як духтари муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи панҷум афтида, ба ҳалокат расид. Бештар аз як моҳи пеш як ҷавони тоҷик аз Конибодом дар пайи як муноқишаи оилавӣ кушта шуд."

Дар бораи қатли муҳоҷири тоҷик кормандони "Ёрии таъҷилӣ" ба пулис хабар додаанд. Аз дохили мошини ӯ корд ёфт шудааст, ки мақомоти Русия тахмин мезананд, эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистонро бо он куштаанд.

Дар робита ба ин қазия дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва пулис гумонбарони куштори муҳоҷири тоҷикро ҷустуҷӯ дорад.

Ҳар сол беш аз як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Соли 2020 тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан оварданд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG