Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи мусулмонони Русия тоҷикону қирғизҳоро ба сулҳу дӯстӣ даъват кард


Russia -- Muslims at Jamig mosque in Moscow
Russia -- Muslims at Jamig mosque in Moscow

Идораи мусулмонони Русия мегӯяд, мусулмонони Русия ҳангоми намози ҷумъа дар масҷидҳои кишвар хостори ҳарчӣ зудтар поён додан ба муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шудаанд. Онҳо изҳори умедворӣ кардаанд, «муколама сулҳ ва дӯстӣ ҳарчӣ зудтар байни мардуми бародари ду кишвар бармегардад.»

Дар баёнияи расмии Идораи мусулмонони Русия дар рӯзи 28-уми январ омадааст: «Имрӯз дар рӯзи саиди ҷумъа дар Масҷиди ҷомеаи Маскав ва тамоми дигар масҷидҳову ҷамоаҳои Идораи мусулмонони Русия имомҳо аз минбари масҷидҳо ба сулҳу оромӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон даъват карда ва дасти дуо бардошта аз Худо хостанд, ба муноқиша байни миллатҳои бародари тоҷику қирғиз ҳарчӣ зудтар хотима бахшад.»

Идораи мусулмонони Русия дар ин баёния аз мардуми ҳарду тараф хостааст, «оромиву дӯстӣ ва осоиштагиро нигаҳ доранд ва аз ҳаргуна иғво ва даъватҳо ба душманӣ ва тафриқаандозӣ дар байни уммат эҳтиёт кунанд.» Дар натиҷаи муноқишаи марзбонони ду кишвар дар шоми 27-уми январ ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд ва даҳҳо нафар аз ҳарду тараф маҷруҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG