"Азия-Плюс": Шумораи захмиён ба 11 нафар расид
Бино ба гузориши оҷонси "Азия-Плюс", дар даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 11 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ шудаанд.
Манбаъ аз қавли масъулони Бемористони марказии Исфара гуфтааст, 8 нафари онҳо низомӣ ва 3 нафар мардуми одӣ ҳастанд. Ду нафари дигар аз сангборон захм бардоштаанд.
Вазорати тандурустӣ: Чаҳор низомии Қирғизистон захмӣ шуданд
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Тоҷикистон чаҳор низомии он кишвар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки маҷруҳонро аз деҳаи Куктош ба бемористони вилояти Бодканд бурданд.
Мақомоти Тоҷикистон расман ҳеч иттилое надодаанд.
17 захмиро дар бемористони Исфара бистарӣ кардаанд
Як мақоми идораи тандурустӣ дар шаҳри Исфара гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 17 нафар (аз ҷониби Тоҷикистон) захмӣ шудаанд.
Ҳамсуҳбати мо бе зикри ном гуфт, баъзе аз захмиён низомӣ ва қисми дигар сокинони оддӣ ҳастанд. "Ҳамаи онҳо дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ карда шудаанд," -- афзуд ӯ, аммо тафсилот надод.
Ба иттилои дарёфтӣ, дар миёни захмиён мудири Шуъбаи ташкилии шаҳри Исфара низ будааст. Манобеъ мегӯянд, ӯ аз пойи росташ захм бардошта, дар шуъбаи шикастабандии бемористони марказӣ бистарист.
Маълум нест, ки оё дар шифохонаҳои ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух низ захмиёнро ҷой кардаанд ё не. Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ дар ин бора иттилоъ намедиҳанд. Пештар раиси деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара дар бораи кушта шудани як сокини 36-сола хабар дода буд.
Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сар кардани ҳамлаи мусаллаҳона дар сарҳад гунаҳкор карда, ҳамзамон талафот миёни сокинон ва марзбонҳои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Вале он шумораи муайянеро зикр накард.
Мақомот шаби 27-уми январ гуфтанд: "Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд."