Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Қирғизистонро ба "тирборон" ва "марзшикании бесарнишинҳо" гунаҳкор кард. Бишкек баръакс мегӯяд


Хоҷаи Аълои Исфара. Акс аз 30-юми апрели соли 2021
Хоҷаи Аълои Исфара. Акс аз 30-юми апрели соли 2021

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба сар кардани ҳамлаи мусаллаҳона дар сарҳад гунаҳкор карда, ҳамзамон талафот миёни сокинон ва марзбонҳои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Вале он шумораи муайянеро зикр накард.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дастикам 17 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захмӣ ва як кас кушта шудааст. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи маҷруҳ шудани ҳафт низомии он кишвар хабар дод.

Пештар Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба истифода аз миномёту гранатомёт муттаҳам кард. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон шаби 27-уми январ гуфт: "Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд."

Мақомоти Қирғизистон шаби 27-уми январ даъво кард, ки "ҷониби Тоҷикистон аз миномёт ба сӯи хатҳои барқ ва посгоҳҳои марзӣ тир холӣ мекунад."

Изҳороти ҷониби Тоҷикистон пас аз чанд соати ҳодиса нашр шуд. Дар он аз парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин "бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон" нигаронӣ шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир шиддати тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад," – гуфта шудааст дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти марзбонии Қирғизистон тарафи Тоҷикистонро ба "кашондани техникаи вазнини низомӣ ва ҳайати шахсӣ ба сарҳад” айбдор кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, "задухӯрдҳо дар мавзеи Эки-Тош, Қум-бозор, Чир-Добо идома доранд".

Соате пас аз даргириҳо гуфтугӯҳои телефонии масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар баргузор шудааст. Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ низ Тоҷикистону Қирғизистонро ба оташбаси фаврӣ хонд ва ба ҳалли сулҳомези маъсала даъват кард.

Раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз дар мавриди қазия гуфтугӯ ё изҳори назаре накардаанд, ҳарчанд ҳардуи онҳо рӯзи 27-уми январ дар нишасти “Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” ҳузур доштанд.

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки ду тараф якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, баҳс аз онҷо бархост, ки як гурӯҳ аз шаҳрвандони Қирғизистон "дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло мошини тамғаи “Портер”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд, маҷбуран боздоштанд."

“Бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғд вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомада, ба ҷои ин, тахминан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз аз силоҳи оташфишон ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд,” – гуфта шудааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Тарафи Қирғизистон, баръакс, мегӯяд, "шаҳрвандони Тоҷикистон бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд. Онҳоро сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд. Пас аз мулоқоти намояндагони ду кишвар роҳи мошингард кушода шуд. Аммо ҷониби Тоҷикистон дар қитъаи дигари марзӣ, дар мавзеи Чир-Добо ба сӯи низомиёни Қирғизистон бо истифода аз миномёту гранатомёт тир кушод."

Чизе, ки нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон намепазирад ва “маълумоти бардурӯғ ва фейк” меномад. Дар гузашта низ ду тараф дар сар задани муноқишаҳо якдигарро гунаҳкор карда, ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ додаанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марз дорад, ки 519 километри он таъину нишонагузорӣ шудааст. Ба далели пурра мушаххас набудани хатти марз байни сокинони ду кишвар бо баҳонаҳои гуногун низоъ сар мезанад. Дар низои моҳи апрели соли гузашта 36 шаҳрванди Қирғизистон ва 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, аз ду ҷониб зиёда аз 200 кас маҷруҳ гардиданд.

XS
SM
MD
LG