Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар марз. Аҳмадзода: Оташбас эълон шуд. Жапаров: Бо гуфтушунид ҳал мекунем

  • Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 27-уми январ, пас аз он рӯй дод, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд. Дар муноқиша аз ҳарду ҷониб чандин нафар захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон дастикам як кас кушта шудааст. Ду тараф якдигарро ба тирборон ва кашондани техникаву нерӯ ба сарҳад гунаҳкор донистанд. СПАД хоҳони оташбаси фаврӣ шуд. Ду тараф ба қатъи тиркушоӣ созиш кардаанд.

"Тоҷикистону Қирғизистон дар марз оташбас эълон карданд." Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, шаби 28-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт: "Музокироти мо бо раиси вилояти Бодканди Қирғизистон, Абдукарим Алимбоев, ба анҷом расид. Оташбас эълон гардид. Роҳҳо боз шуданд ва низомиён ба қафо кашида мешаванд. Комиссияи муштарак субҳи 28-уми январ таҳқиқро оғоз мекунад."

Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар паёме дар Фейсбук навишт, "вазъият дар сарҳад аз дақиқаҳои аввал пурра таҳти назорати ман аст. Худо хоҳад, ҳама чизро бо гуфтушунид ва бо роҳи осоишта ҳал мекунем. Нигарон набошед."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 28-уми январ тасдиқ кард, ки мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд. Ба иттилои ин ниҳод, тасмим гирифта шудааст, "ҳарду ҷониб нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун баранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро пурра бикушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил кунанд."

XS
SM
MD
LG