Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 27-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футболи кишвар таъйин гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Петр Сегрт, ки муҷаввизи мураббии УЕФА “Pro” дорад, дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июни имсол дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, омода мекунад.
Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале аз хурдӣ дар Олмон ба сар мебарад. Ҳамчун футболбоз дар бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ карда, инчунин фаъолияти мураббигии худро оғоз намудааст.
Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан ӯро дар бошгоҳи “Валдҳоф” дида буд, ба дастаи “Боҳум” даъват кард.
Сипас Сегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои “Дуйсбург” ва “Валдҳоф” буд, баъдан бошгоҳҳои австриягии “Леобен”, “Рид” ва “Винер Спорт-Клуб”-ро мустақилона идора кардааст.
Мутахассиси пуртаҷриба муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст.
Соли 2006 бо даъвати Топмёллер ба Гурҷистон кӯчид ва дар он ҷо дастаи ҷавонони ин кишварро роҳбарӣ кард. Баъди рафтани ҳамватанаш Петр Сегрт дар ду бозӣ иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Гурҷистон буд.
Пас аз тарк кардани Гурҷистон, Сегрт чанд сол дар бошгоҳҳои Индонезия – “Бали Девата” ва “ПСМ Макассар” кор кардааст.
Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ сармураббии тими Молдив буд ва бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.