Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На кофари мутлақ, на мусулмони тамом". Баҳс атрофи акси ҷаҳонии Манижа. ВИДЕО


Манижа Сангин. Акс аз бойгонӣ
Манижа Сангин. Акс аз бойгонӣ

Як акси Манижа Сангин, овозхонаи зодаи Тоҷикистон, дар лавҳа ё тоблуи бузурге дар шаҳри Ню-Йорк ғавғо барангехт. Дар акс Манижа бо либоси атлас тасвир ёфтааст, аммо пеши пироҳанаш боз аст. Онро дар хиёбони машҳури Times Square намоиш доданд. Аксро Spotify, хадамоти пахши мусиқӣ, интихоб кардааст.

Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин тарзи либоспӯшии овозхони зодаи Тоҷикистонро сахт танқид карда, мухолиф ба арзишҳои миллӣ хондаанд. Иддае дигар аз Манижа ситоиш карда, гуфтаанд, бо ӯ ифтихор доранд ва ба интихобаш эҳтиром мегузоранд.

Баҳси ҷонибдорон ва мухолифон

Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик, рӯзи 19-уми январ дар Фейсбук акси Манижаро гузошт ва навишт: "Атлас ҷаҳонӣ шуд! Ташаккур, Манижа!"

"На танҳо атлас, балки худаш, истеъдодаш ва номи тоҷик ҷаҳонӣ шуд," – бовар дорад корбаре бо номи Шаҳнозаи Бадриддин. Аммо дар посух Юсуф Юсупов бо нороҳатӣ гуфтааст, "дигар латта наёфтанд, ки давомашро низ дӯзанду маҳкам кунанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Манижа дигарбора дар Тоҷикистон ғавғо барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Завқибеки Саидаминӣ, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзи 20-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, акси Манижа "на боиси ифтихор, балки шармандагист". Ба иддаои ӯ, "вақте даъвои тоҷикӣ мекунад, номи тоҷикӣ дорад ва бобояш тоҷик аст, синаашро луч мекунад, намедонам, ин чи боиси ифтихор аст. Ин боиси шармандагӣ аст."

Ин ҳамсуҳбати мо мисраъеро аз як таронаи Манижа "Я недославянка, я недотаджичка" иқтибос мекунад ва ин ҷо истеҳзо ба онҳоест, ки ӯро на славянӣ ва на тоҷик унвон мекунанд ва ё инро ҷурмаш мешуморанд.

"Либоси баъзе овозхонҳои тоҷик аз либоси Манижа беҳтар нест"

"Манижа Сангин сарояндаи мустақил, инсони озод аст. Касе аз мо ҳукм ҳам карда наметавонем. Инро ба баҳс кашидан кори аҳмақона аст. Мебахшед, агар ба сегменти тоҷикии Ютюбу Инстаграм нигоҳ кунед, либоси баъзе овозхонҳои тоҷик аз Манижа Сангин беҳтар нест," – гуфт Одили Нозир рӯзи 20-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аммо ба назари гурӯҳи дигар чӣ гуна пӯшидани либос ҳақ ё интихоби ҳар шахс аст.

Рустам Гулов, коршиноси фанновариҳои навин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар пайванд ба ин баҳс навиштааст: "Ба монанди ин ки ман, Шумо ё ҳар нафари дигар, ҳақ дорад, "ҷинс"-у "футболка" бипӯшад ва ягон кас наметавонад, бигӯяд, ки ин аз мо нест. Ё ҳақ надорад бигӯяд, ки бо пӯшидани либоси фермерҳои амрикоӣ обрӯи марди тоҷикро паст задед."

Худи Манижа Сангин дар Инстаграм ба мухолифони тарзи либоспӯшияш бо нашри наворе вокуниш кард ва гуфт, ин зиндагии ӯст.

Аз Eurovision то Equal

Баҳсҳо атрофи ҳунару шеваи либоспӯшии баъзе аз чеҳраҳои маъруфи тоҷик борҳо садо додааст. Вале чаро чунин баҳсҳо маҳз дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд иттифоқ меуфтад, норӯшан мемонад. Одили Нозир, рӯзноманигори тоҷик, бар ин назар аст, ки "ин гуна баҳсҳо аз фаҳмишу ҷаҳонбинӣ ва таҳаммулпазирии ҷомеа бастагӣ дорад."

Манижа Сангин чеҳраи барномаи байнулмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии "Equal" интихоб гардидааст.

Номи овозхони 31-сола баъди роҳ ёфтанаш ба озмуни мусиқии Eurovision дар соли 2021 пурсарусадо шуд. Манижа дар озмун аз Русия намояндагӣ карда, ба даҳгонаи беҳтаринҳо ворид шуд. Ин ҳунарманди тоҷиктабори Русия сафири ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG