Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижа, овозхони зодаи Тоҷикистон, Русияро дар "Евровидение" намояндагӣ мекунад


Манижа Сангин
Манижа Сангин

Як овозхони зодаи Тоҷикистон дар озмуни имсолаи Eurovision (Евровидение), ки моҳи май баргузор хоҳад шуд, аз Русия намояндагӣ мекунад.

Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми март навиштанд, Манижа Сангин дар Роттердам таронаи Russian Woman-ро хоҳад хонд. Соли гузашта бояд гуруҳи Little Big дар "Евровидение" Русияро намояндагӣ мекард, вале бо сабабаи пандемия коронавирус озмун баргузор нашуд.

Манижа Сангини 30-сола дар Маскав зиндагӣ мекунад ва бештар бо таронаву фаъолиятҳои иҷтимоиаш машҳур аст. Яке аз таронаҳои маъруфи ӯ дар бораи муҳоҷирон – "Недославянка" – аст, ки тақрибан ду сол пеш муаррифӣ шуд ва шароиту эҳсосоти пурчолиши як муҳоҷирро дар Русия дар шеваи танзу фоҷиа баён кард.

Айни замон худи ӯ сафири ҳусни нияти намояндагии Оҷонси Созмони Милал дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар Русия аст.

Манижа Сангин дар охири соли 2019 дар суҳбате бо Радиои Озодӣ ба чанд суол посух гуфта буд, ки ҳоло нашри дубораи баъзе аз қисматҳои онро аз манфиат холӣ намедонем.

Радиои Озодӣ: Ҳуввияти Шумо чӣ мегӯяд: Тоҷикед, рус ҳастед ё каси дигар?

Манижа: Ман шаҳрванди Сайёра ҳастам. Ман ҳам тоҷик, ҳам славянӣ, ҳам одаме ҳастам, ки ба англисӣ суҳбат мекунад. Ман кайҳо тамғагузориро бас кардам. Бад мебинам, вақте одамон тамға мегузоранд ва худро маҳдуд мекунанд. Мехоҳам, мутобиқи фарҳангу суннатҳое, ки дар ман ташаккул ёфтааст, зиндагӣ кунам. Ин фарҳанг ба шарофати тамоми чизҳое, ки дар зиндагии ман рух додааст, ташаккул ёфтааст.

Радиои Озодӣ: Арзишҳо ҳам муҳим будагист? Медонам, ки модаратон дар ташккули шахсияти Шумо нақши муҳим бозидаанд?

Манижа: Нақши муҳим бозидаанд. Ба фикрам, ин кори хеле мушкил аст, ки кӯдакро дар як кишвари бегона бузург бикунӣ. Модарам панҷ кӯдакро бузург карданд ва муҳимтарин хидмати он кас ҳамин аст, ки ба ҳамаи мо иҷоза доданд, кореро, ки дили мо мехоҳад, бикунем. Чунки, мутаассифона, волидони ман маҷбур шуданд аз орзуву манфиатҳои худ бигузаранд. Ҷанг аз бисёр чиз маҳрум кард. Барои ҳамин, бисёр шодам, ки суруд иҷро мекунам, эҷодкор ҳастам, зери боли модар ҳастам, таҳти назари касбии он кас кор мекунам. Он кас ҳамчун як продюсер бисёр чизҳоро беҳтар аз дигарон дарк мекунанд. Дар ҳар тим доштани чунин як узве хеле муҳим аст.

Радиои Озодӣ: Корҳои Шумо бештар хусусияти иҷтимоӣ доранд, чандон тафреҳӣ нестанд. Вале чӣ назар доред, садои Шумо шунида мешавад?

Манижа: Бале, ман инро бо чашми сар мебинам. Номаҳои зиёд мегирам. Мухотабони ман хеле дигаргун шудаанд. Ин чизест, ки ман давоми солҳои зиёд мехостам. Ин танҳо як идеяи муваққатии яксола нест. Аз оғози фаъолиятам ҳаминро мефаҳмидам, ки аввал бояд барои худ тамошобин пайдо кунам, то тавонам баъд аз ин дар бораи гапҳои муҳим суҳбат кунам. Яъне аввал дар бораи он чӣ, ки маро ташвиш медиҳад мегӯяму баъдан дар бораи дигарҳо. Дар маҷмуъ, тамоми кору барномаҳое, ки имсол аз дастам омаду иҷро кардам, як пирӯзӣ аст. Худо кунад, ки соли оянда аз ин ҳам бештар талош бикунам.

Радиои Озодӣ: Дар Русия тоҷикони зиёд кору зиндагӣ мекунанд ва мушкилашон кам нест. Оё барои он ки як тоҷик ҳастед, дар Русия азият шудаед?

Манижа: Албатта, буданд чунин ҳолатҳо, чаро пинҳон кунам? Вале ман аз ин мавзуъ фоҷиа сохтанӣ нестам. Бешубҳа, барои ҳама мардум дар зиндагӣ мушкил эҷод мешавад. Вале бояд сари худамон кор кунем, бояд таҳсил кунем, чунки ин хеле муҳим аст. Имкони таҳсилу гирифтани маълумот ҳамеша вуҷуд дорад. Зимнан, ман ба клипам аз Тоҷикистон чандин вокуниш дарёфт кардам. Бархе мегӯянд, ки "ту моро масхара мекунӣ". На, ба ҳеҷ сурат ман масхара накардам. Ман ҳамаи мушкилотеро, ки муҳоҷирон дучор мешаванд, хуб дарк мекунаму боэҳтиром муносибат мекунам. Чунки ман медонам, ки ин чӣ мушкил аст ва оилаи мо ҳам зиндагиро дар ин ҷо аз сифр шурӯъ карда буд. Ман ҳоло ҳақ дорам, ки як оҳи сабук бикашам, чунки оилаи ман дар ҳолате нест, ки дар ғами бурдаи ноне бошад. Ман метавонам бинишинаму фикр кунам, ки чӣ гуна метавонам онҳоеро, ки ҳамарӯза зӯр мезананд, барои зиндагии беҳтаре ташвиқ кунам. Бисёри онҳо ба як ҳарфи гарму дастгирӣ ниёз доранд, ба як калима гап, ки "ғам нахӯр, ҳамааш хуб мешавад, табассум кун. Ин тарона дар бораи ту аст ва ба зудӣ ту бар ҳамаи мушкилотат пирӯз мешавӣ".

XS
SM
MD
LG