Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҳукумати Толибон ба изҳороти Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Масъулони ҳукумати Толибон ба гуфтаҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди вуҷуди паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон вокуниш нишон доданд.

Билол Каримӣ, муовини сухангӯи ҳукумати Толибон, рӯзи 11-уми январ дар "Твиттер" навишт, "иддаои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эҷоди теъдоде аз паноҳгоҳҳо дар Афғонистон барои фаъолиятҳои вайронкорона дар минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон сиҳат надорад ва мо ба шиддат онро рад мекунем."

"Аморати исломӣ ба ҳама кишварҳои ҳамсоя итминон медиҳад, ки марзҳои мо амн аст", -- омадааст дар вокуниши муовини сухангӯи ҳукумати Толибон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 10-уми январ зимни суханронӣ дар нишасти онлайнии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ гуфт, ки бо омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон хатари терроризм дар кишварҳои минтақа зиёдтар шудааст.

Ӯ бо ибрози нигаронӣ аз ҷангҷӯёни ДОИШ, ба вижа шохаи Вилояти Хуросони он дар қаламрави Афғонистон таъкид кард, ки "теъдоди марказу урдугоҳҳои омодасозии террористон дар манотиқи ҳаммарз бо қаламравҳои ҷанубии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бештар аз 40 адад ва теъдоди ҷангҷӯён аз 6 ҳазор зиёдтар аст."

Оқои Раҳмон ҳамчунин даъват кард, ки барномаи тақвияти марз иҷро шавад, чун вазъ дар марз ҳар рӯз нооромтар мешавад ва Толибон дар онҷо худашон бо худашон ҳам меҷанганд.

Дар гузашта ҳам мақомоти ҳукумати Толибон ба изҳороти мақомоти Тоҷикистон вокуниш нишон дода буданд. Пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи Толибон дар 15-уми августи соли гузашта, мақомоти тоҷик дар муносибатҳои мухталиф аз ин гурӯҳ интиқод намуда, хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон шуданд. Толибон ҳам Тоҷикистонро ҳушдор доданд, ки дар умури дохилии он кишвар мудохила накунад.

Толибон дар нимаи моҳи августи соли 2021 ҷилави қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. То ҳанӯз ҳеч кишваре “Аморати исломӣ”-и Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Давлатҳои ғарбӣ ва муттаҳидонашон риояи ҳуқуқи одамон, озодии занону расонаҳо ва ба макони ҷангҷӯён табдил нашудани Афғонистонро аз шартҳое барои эҳтимоли пазируфтани Толибон номбар кардаанд. Чизе, ки ба қавли мардуму мунтақидон ё нест ва ё дар сатҳи хеле поин аст.

XS
SM
MD
LG