Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Назарбоев то Раҳмон. Ҷазо барои "таҳқир"-и раисони Осиёи Марказӣ чист?


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев. Арабистони Саудӣ, моҳи майи соли 2017
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев. Арабистони Саудӣ, моҳи майи соли 2017

Раиси ҷумҳурии Узбекистон бо пайравӣ аз ҳамтоёнаш дар Осиёи Марказӣ ба қонуне имзо гузошт, ки ҷазоро барои "таҳқири президент" дар Интернет сахттар мекунад. Коршиносон онро як роҳи ҳифзи қудрат медонанд.

Узбекистон: Ислоҳе, ки...

Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноии Узбекистон ворид шуд, барои таҳқири оммавии президент ва ё туҳмат задан ба ӯ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет

  • то се сол корҳои ислоҳӣ
  • маҳдудият ва ё маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол

пешбинӣ кардаанд. Бастаи ислоҳҳоро президент Шавкат Мирзиёев рӯзи 30-юми марти имсол имзо гузошт.

Роҳи аввал истифодаи нерӯ аст, ба монанди ҳодисаҳои соли 2005 дар Андиҷон. Дувум, роҳ ё гузинаи Қирғизистон аст, яъне истеъфо. Мақомоти Узбекистон бо ҳеч кадоме аз инҳо розӣ шуда наметавонанд.
Камолиддин Раббимов

Пештар дар моддаи 158-и Кодекси ҷиноии Узбекистон барои таҳқири оммавӣ ва ё бадномкунии президент дар расонаҳо ҷазо пешбинӣ шуда буд, вале он "шабакаҳо" ва "Интернет"-ро дар бар намегирифт.

Давраи аввал ва панҷсолаи раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзиёев ҳанӯз ба охир нарасидааст, вале қарор аст, тирамоҳи имсол дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шавад. Коршиносон мегӯянд, ҷорӣ шудани ҷазои охир “тасодуфӣ нест”.

Камолиддин Раббимов, сиёсатшиноси узбек, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунад, гуфт, ҷазо барои таҳқири президенти Узбекистон дар Интернет "махсусиятҳои худро дорад". Ба қавли ӯ, ҳоло танқиди президенти Узбекистон кори маъмулӣ шудааст, ҳарчанд аксари мунтақидон узбекистониҳои муқими кишварҳои хориҷӣ ҳастанд.

"Фанновариҳои нави иттилоотӣ ба мақомот имкон намедиҳанд, ки вазъро назорат кунанд. Онҳо метарсанд, ки агар вазъ бо чунин суръат пеш равад, Узбекистонро ноумедии азими иҷтимоӣ фаро хоҳад гирифт. Ин барои мақомот мушкили бузургест. Агар он боис ба гирдиҳамоӣ шавад, ҳукумат дар дуроҳа қарор мегирад. Роҳи аввал истифодаи нерӯ аст, ба монанди ҳодисаҳои соли 2005 дар Андиҷон. Дувум, роҳ ё гузинаи Қирғизистон аст, яъне истеъфо. Мақомоти Узбекистон бо ҳеч кадоме аз инҳо розӣ шуда наметавонанд. Аз ин рӯ, барои зери назорат гирифтани вазъ, ҷазоро барои танқид тасдиқ карданд", -- шарҳ дод ӯ.

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Сиёсатмадори мухолиф аз Қазоқистон, Жасарал Куанишалин, ки соли 2006 ба зидди Нурсултон Назарбоев даъво пеш оварда, вале баъдан ба “таҳқири президент” айбдор шуда буд, гуфт:

"Ҳамин тавр, Мирзиёев нишон дод, ки ӯ мехоҳад мавқеи худро бо пайравӣ аз ҳамтоёнаш устувор кунад. Чунин ба назар мерасад, ки "беморӣ"-и президентҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ӯ "сироят" кардааст. Ин як роҳи нигоҳ доштани қудрат барои онҳост. Шавкат Мирзиёев, инчунин, майли худро барои бо зӯр нигоҳ доштани қудрат нишон дод."

Туркманистон: 5 сол зиндон

Таъқиб барои таҳқири президент ва ё туҳмат ба ӯ дар Осиёи Марказӣ падидаи нав нест. Барои мисол, моддаи 176-и Кодекси ҷиноии Туркманистон барои чунин “ҷиноят” то панҷ соли маҳрумӣ аз озодиро дар назар дорад.

Ба ҷуз он, дар қонун "Дар бораи танзими ҳуқуқии рушди Интернет ва пешниҳоди хадамоти интернетӣ”, ки соли 2014 қабул шудааст, "таҳқир ва туҳмат" ба зидди раиси ҷумҳури Туркманистон дар қатори ҷиноятҳое чун

  • даъват ба ҷанг
  • паҳн кардани порнография
  • кӯшиши бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ

зикр шудааст.

Вақте Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар соли 2007 дар Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, ба қудрат расид, бисёриҳо аз ӯ ҳамчун раҳбари ҷавон умеди зиёд доштанд. Интизор мерафт, тағйироте ба амал ояд, аммо пас аз як муддати кӯтоҳ ӯ симои раҳбари пешинро ба худ гирифт ва ба низоми худкомаи ҳукумат идома дод.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов

Дар натиҷа, Туркманистон дар рейтинг ё раддабандиҳои озодии сухан дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои охирро ишғол мекунад. Дар он кишвар нтанҳо "таҳқир"-и президент, балки танқиди сиёсати ҳукумат низ мамнуъст ва дастрасӣ ба Интернет маҳдуд асту ягон расонаи мустақил вуҷуд надорад.

Тоҷикистон: Ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва маҳбас

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, соли 2016 унвони “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба худ ихтисос дод.

Тибқи моддаи 137 (замимаи як)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои “Таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” ё туҳмат кардан ба ӯ

  • аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё
  • то як сол корҳои ислоҳӣ ҷазо

таъйин шудааст.

"Агар ҳамин кирдор бо истифода аз матбуоту воситаҳои дигари ахбори умум ё шабакаи Интернет содир шуда бошад, бо

  • корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё
  • маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол

ҷазо дода мешавад", -- зикр шудааст дар қонуни ҷиноӣ.

Айни ҷазо дар мавриди таҳқири президенти Тоҷикистон ба кор бурда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Тоҷикистон вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро дар баробари айбҳои дигар ба “таҳқири президент” низ гунаҳкор донистаанд. Худи ӯ ва наздиконаш ин тасмимро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Бисёре аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, Freedom House, дафтари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигари Тоҷикистон аз мақомот хостаанд, ҷазо барои “таҳқири президент”-ро бозбинӣ кунад. Чизе, ки то ҳанӯз дар қонунҳои кишвар боқист.

Қазоқистон: Қонун барои ҳифзи ду раҳбар

Дар Қазоқистон омилони "таҳқир"-и натанҳо президенти ҳозира Қосимҷомарт Тоқаев, балки раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоевро низ метавонанд ба зиндон андозанд.

Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан сӣ сол бар Қазоқистон раҳбарӣ кардааст, моҳи марти соли 2019 ба истеъфо рафт, аммо бо ҳифзи унвони “президенти аввали Қазоқистон” ба мисли собиқ аз қудрати зиёде бархурдор аст. Вай ин мақомро ҳанӯз соли 2000-ум "барои нақши таърихии худ дар ташаккули давлат" ба даст оварда буд.

Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев
Нурсултон Назарбоев ва Қосимҷомарт Тоқаев

Ду моддаи Кодекси ҷиноии Қазоқистон ба ҳимоят аз шаъну эътибори "президенти аввал" равона шудааст.

Моддаи 373 ҷазоро барои "таҳқири оммавӣ ё паст задани шаъну эътибори президенти аввал” ва “беэҳтиромӣ ба тасвирҳои ӯ" пешбинӣ мекунад. Барои ин “ҷиноятҳо”

  • ҷарима
  • корҳои ислоҳӣ
  • маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат

таъин кардаанд.

Агар ҳамин кирдорҳо бо истифода аз расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ сурат гирад,

  • маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат

пешбинӣ шудааст.

Дар бораи "беэҳтиромӣ ба тасвир" ва ё "таҳқири оммавӣ"-и президенти ҳозираи Қазоқистон чизе гуфта нашудааст, балки гап танҳо дар бораи "таҳқир ба шаъну шарафи президенти Қазоқистон" меравад. Дар ҳар сурат, онҳое, ки президенти ҳозира ва президенти собиқ ё Элбасиро "озурда мекунанд", яксон ҷазо хоҳанд гирифт.

Қирғизистон: Муроҷиат ба додгоҳ

Дар Қирғизистон қонун "Дар бораи кафолатҳои фаъолияти президенти ҷумҳурии Қирғизистон ва мақоми президенти собиқи ҷумҳурии Қирғизистон" амал мекунад.

Тибқи моддаи 4-и қонун, дар ҳолатҳои паҳн кардани маълумоте, ки шаъну шарафи президентро паст мезананд, Додситонии кулл бо ризояти президент ва бо тасдиқи пешакии ҷуброни зарар вазифадор аст, барои ҳифзи шаъну эътибори ӯ ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ: Ба пеш ё ба қафо?

Бо ин ҳол, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд нафарро бо гумони "таҳқир" ва ё "туҳмат задан" ба президентҳо ҷазо додаанд. Дар байни онҳо дигарандешону сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва шоирону муҳоҷирон ҳастанд.

Сиёсатмадори мухолиф аз Қазоқистон, Жасарал Куанишалин, мегӯяд, президентҳои Осиёи Марказӣ бо чунин рафтори худ ба ҷойи пеш рафтан, ба қафо ҳаракат мекунанд.

Ӯ мегӯяд: "Бадтар аз ҳама, ба ҷойи пайравӣ кардан аз кишварҳои мутамаддин, [президентҳо] аз онҳо рӯ мегардонанд ва барои ҳимоя аз худ қонунҳо қабул мекунанд. Масалан, дар Осиёи Марказӣ, танҳо дар Қазоқистон қонунҳо ду президентро якбора ҳимоят мекунанд.”

Ба бовари Жасарал Куанишалин, "бидуни эҷоди як низоми монанд ба кишварҳои пешрафта, дар минтақа тағйироте ба амал нахоҳад омад."

XS
SM
MD
LG