Фармони таъини Рухшона Эмомалӣ 15-уми декабри соли 2021 нашр шуд. Духтари Эмомалӣ Раҳмон дар ин мансаб Масъуд Халифазодаро иваз кард. Халифазода аз соли 2018 Тоҷикистонро дар Бритониё намояндагӣ мекард ва аз он пеш ҳамчун ҷонишини сардори Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. То Халифазода Эркин Қосимов, дипломати собиқадори тоҷик, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Шӯравӣ низ кор карда буд, сафири Тоҷикитон дар Бритониё буд.
Рухшона Эмомалӣ дар муқоиса бо сафирони пешини Тоҷикистон дар Бритониё аз таҷрибаи камтаре бархурдор аст. Ба унвони ҳамсари Шамсулло Соҳибов, тоҷири матраҳ дар расонаҳои ғарбӣ ва яке аз монополистон ё инҳисоргарони тиҷорати бозори дохилии Тоҷикистон, ки робитаҳои хонаводагӣ бо раиси ҷумҳурро ба гунаи муваффақ истифода мебарад, шахсияти Рухшона Эмомалӣ мавриди таваҷҷуҳи вижа қарор мегирад.
"Ин иқдом ҳадафи стратегӣ надорад"
Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақил аз Душанбе, бар ин бовар аст, ки дар пушти ин иқдом ҳеч гуна ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) вуҷуд надорад. "Фикр мекунам, ин маврид низ ба мисли кишварҳои дигар аст, ки президентҳо наздикони худро дар симатҳои гуногун таъйин мекунанд. Бархеҳо бар ин андешаанд, ки аз ин тариқ мехоҳанд, мухолифони воқеъ дар Ғарбро саркӯб бикунанд, аммо, фикр намекунам, чунин тасмим асаргузор бошад," -- мегӯяд Қодиров.
Ӯ таъкид мекунад, дар кишварҳои ғарбӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон болотар аз ҳадафҳои сиёсӣ қарор доранд.
Дар манобеи боз дар мавриди Рухшона Эмомалӣ иттилои маҳдуде дастрас аст. Як чизи маълум ин аст, ки ӯ духтари сеюми Эмомалӣ Раҳмон буда, соли 2016 дар сафорати Тоҷикистон дар Лондон ва аз соли 2017 ба ин сӯ муовини сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Муаллифи китоби "Асосҳои хидмати дипломатӣ" низ ҳаст.
Вай ҳамсари Шамсулло Соҳибов мебошад, ки ба унвони молики ширкати "Фароз" маъруф аст. Чанд муддат пеш зери чатри ин ширкат корхонаҳое дар арсаҳои ҳамлу нақл, сохтмон, тиҷорат, металлургия, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тандурустӣ, расонаву омӯзиш ва бонкдорӣ фаъолият доштанд. Ин ширкат дар муддати 11 сол 58 корхона таъсис дод.
Радиои Озодӣ қаблан ба санаде даст пайдо кард, ки фаъолияти 46 корхонаи мутааллиқ ба ширкати "Фароз"-ро тасдиқ мекунад. Расонаҳои ғарбӣ Соҳибовро дар эҷоди инҳисори маснӯӣ ва истифода аз робитаҳои хонаводагӣ бо раиси ҷумҳур дар лоббигарии тиҷораташ интиқод мекунанд. Аммо тарафдорони вай таъкид мекунанд, ки ӯ холисона варзишгаронро дастгирӣ мекунад ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузорад.
Нақшаи "Б"?
Сафирон нақши иҷроӣ доранд. Сиёсати хориҷӣ дар дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ самту сӯ дода мешавад, ба Вазорати корҳои хориҷӣ мерасад ва дипломатҳо онро пиёда мекунанд. Дар Ғарб инро як таъйиноти маъмулӣ қабул мекунанд.
Сиёсатшиноси рус Юрий Борисов, ки низомҳои сиёсии Осиёи Марказиро таҳқиқ мекунад, бар ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон наздикони худро аз рӯи ду меъёр таъйин мекунад.
"Ин ё хости шахсии фарзандон аст ё вазифаест, ки онро ба каси дигар бовар намекунад. Агар таъкид рӯи гузина (интихоб)-и дувум аст, шояд ҳузури ӯ бо ҳадафи эҷоди шароити хос барои оилаи аввал ҳангоми ҳолати ғайри қобили пешбинӣ лозим меояд. Бо таваҷҷуҳ ба иттифоқоте, ки дар Қазоқистон мегузарад, вазъияти кишварҳои минтақа хеле ғайри қобили пешбинӣ аст," -- мегӯяд Борисов.
Ӯ таъкид мекунад, ки шояд Бритониё номзадии ӯро ба хотири ҳифзи робитаи хуб бо давлате, ки ҳамсояи Афғонистон аст, тасдиқ кард. Кишваре, ки манбаи хатар аз ҷумла барои Лондон аст.
Пайомади тасмим
Аммо ба гуфтаи сиёсатшиносе аз Душанбе, ки нахост ба далели амниятӣ номаш бурда шавад, симати сафир дар низоми сиёсии Тоҷикитон нақши номиналӣ ё таоруфӣ дорад, ки дар Ғарб низ аз ин огоҳанд.
"Сафирон нақши иҷроӣ доранд. Сиёсати хориҷӣ дар дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ самту сӯ дода мешавад, ба Вазорати корҳои хориҷӣ мерасад ва дипломатҳо онро пиёда мекунанд. Дар Ғарб инро як таъйиноти маъмулӣ қабул мекунанд, ки пайваста аз сӯи роҳбарони худкомаи кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотин рӯи даст гирифта мешавад," – зикр кард ҳамсуҳбати мо. Ба қавли ӯ, набояд интизори пайомаде аз ин таъйинот дошт.
Оилаи мансабдорон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста аз сӯи мухолифон барои хешутаборбозӣ (непотизм) ва инҳисор (монополия)-и қудрат танқид мешавад. Ӯ падари 7 духтар ва 2 писар аст.
Писараш Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбест.
Духтараш Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст. Шавҳари ӯ, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мебошад.
Таҳмина Раҳмон, духтари дигари раиси ҷумҳур, ҳамроҳ бо шавҳари худ Зарифбек Давлатов машғули тиҷоратанд. Таҳқиқоти Радиои Озодӣ муайян кард, ки онҳо молики "Агентии алоқаи ҳавоӣ" мебошанд. Ин ниҳод аз ҳаққи комили фурӯши билетҳои ҳавоӣ бархурдор аст.
Зоҳир Соҳибов, домоди дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамроҳ бо фарзандаш Исмоили Зоҳир бо тиҷорат сару кор дошта, молики бозори "Ҳоҷӣ Шариф" дар шаҳри Бохтар мебошанд.
Ашрафҷон Гулов, домоди дигари Раҳмон ва писари вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ, сафири Тоҷикистон дар Туркия аст.
Ҳасан Асадуллозода, бародари ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, роҳбари бузургтарин бонки кишвар "Ориёнбонк" мебошад.
Бародарзодаҳои Эмомалӣ Раҳмон – Исломиддин Раҳмон раиси ноҳияи Данғара ва Умед Раҳмон додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳастанд.
Ин рӯйхати ниҳоии наздикони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон нест, ки дар зинаҳои гуногуни ҳукумати кишвар зимомдорӣ мекунанд. Дар айни ҳол на президент ва на наздиконаш дар мавриди иттиҳомҳои хешутаборбозӣ изҳори назар накардаанд. Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон чанд сол пеш ба суоли он ки дар як сохтор кор кардани пайвандони наздик оё қонуншиканӣ нест, посух додааст, ки дар ин ҳол қонун халалдор нагаштааст.