Даҳҳо хонавода дар шаҳри Кӯлоб солеро, ки мегузарад, соли душвор меноманд. Теъдоде аз онҳо бар асари сели 7 моҳ пеш бехона мондаанд. Мақомот мегӯянд, ба зарардидаҳо ёрӣ доданд. Сокинон мегӯянд, то ҳанӯз зери хайма ба сар мебаранд ва аз ёриҳои ваъдагӣ бархурдор нашуданд.
Гулинор Хонумқулова, сокини 70-солаи шаҳри Кӯлоб, гуфт, cоли навро дар хайма ҷашн мегирад, чун ҷое барои рафтану зиндагӣ кардан надорад. Сел рӯзи 11-уми майи имсол хонаашро вайрон кард ва ҳафт моҳ боз хайманишин аст.
Аз ин рӯ, Гулинор Хонумқулова мегӯяд, то охири умраш соли 2021-ро аз ёд нахоҳад бурд: “Дар ҳамин хайма соли навро пешвоз мегирам. Дигар ба куҷо рафта метавонам? Ҳозир кӣ ҳам дар хонааш меғунҷонад, бачам? Инҷо ду-се кӯрпача ҳаст, як дастгоҳи гармидиҳии барқӣ.”
Сел худи Гулинорро ҳам бурд, вале маъмурони наҷоту ҳамсоягон ӯро халос карданд. Чанд моҳро дар бемористон гузаронд. Мегӯяд, хонаашро дар рӯйхати манзилҳои вайроншуда дохил карда буданд. Яъне, мақомот бояд барои бозсозии он ёрӣ медоданд, вале то ҳол касе ба мададаш наомадааст. Азбаски муроҷиатҳояш беҷавоб мондаанд, ҳар рӯз ғусса мехӯрад.
Ба монанди Гулинор даҳҳо зарардида дар сели баҳорӣ дар Кӯлоб аз нагирифтани ёриҳои ваъдагӣ шикоят доранд.
Осори сел то ҳол аз хонаи Марямбӣ Диловарова, сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб, низ гум нашудааст. Ӯ гуфт, соли 2021 барои онҳо ҳамчун соли офату зарар дар ёд мемонад. “Аз ҳама соли мушкил дар ҳаётамон буд, чун азоб кашидем. Қариб ҳашт моҳ мешавад, ки дар рӯи хоки хунук зиндагӣ дорем,” – нақл кард хонум Диловарова.
Хонаи Марямбӣ Диловароваро баъд аз шикоятҳои зиёд дар феҳрасти онҳое дохил карданд, ки дар сел 50 дар сад зиён дидаанд. Мақомот мегӯянд, ба зарардидаҳо дасти кумак дароз карданд. Зарардидагон мепурсанд, агар кумак мегирифтанд, магар то ҳол зери хайма ва дар хонаҳои вайрона мезистанд?
Фалокати табиӣ дар моҳи май дар Кӯлоб 41 хонаро вайрон кард ва ба 800 хонавода зарар расонд. Зиёне, ки ба назар мерасад оқибаташро дар соли 2022 ҳам эҳсос хоҳанд кард.
Наворро дар инҷо бинед: