Зарари сели рӯзи 11-уми майро дар Кӯлоб, ки даҳҳо хонаву кӯчаҳоро вайрон кард ва се кушта бар ҷой гузошт, беш аз 4 миллион доллар ҳисоб карданд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ахиран ба чанде аз сокинони зарардида калиди хонаҳои навсохтро тақдим кард. Аммо қисмате мегӯянд, як моҳ аст, мунтазири кумаке ҳастанд ва касе ба суроғашон намеояд ва на ҳама тавонистанд арзи худро ба президент расонанд.
Осори сел то ҳол аз хонаи Қурбоной Тураева, сокини маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб гум нашудааст. Ду утоқи хонааш дар сели рӯзи 11-уми май вайрон шуд. Ду утоқи дигар садамавӣ аст. Мегӯяд, то ҳол барои тармими хонааш кумаке нагирифтааст. Президент ҳам рӯзи 15-уми июн то 100 метрии хонааш омада, калиди хонаҳои навбунёди ҳамсояаашро додааст. Мегӯяд, мехост, арзашро ба президент гӯяд, аммо натавонист: “То корхонаи равғанкашӣ омад, ба мо гуфтанд, ки он тараф наравед, иҷозат нест."
Гузориши видеоиро инҷо бубинед:
Аз омадани сел дар Кӯлоб як моҳ сипарӣ шуд. Мақомот гуфтанд, ки арзёбии хонаҳои зарардидаро тамом карда ба муҳтоҷон кӯмак расонидаанд. Президент ҳам баъди як моҳ ба инҷо сафар кард. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни як ворхурӣ бо сокинон дар вилояти Хатлон гуфт: “Рӯҳафтода нашавед, дастгириятон мекунем. Хонаҳоятон аз пеш дида нағзтар мешавад.”
Аммо на ҳама сокинон тавонистанд арзи худро ба президент тавонистанд расонанд. Бархе аз сокинон гуфтанд, мехостанд, ба президент аз нарасидани кумакҳо гӯянд, вале натавонистанд. Марямбӣ Диловарова, сокини маҳаллаи Содиқови шаҳри Кӯлоб мегӯяд мақомот шаҳр барои барқарор кардани хонаи аз сел зарар дидааш ёрӣ накарданд. “Моро ягон одами Кӯлоб дастгирӣ намекунад. Раиси шаҳр ба назди хона омад, гуфтам, ки як бор аҳволи хонаи моро бин, мегӯяд, ки ман мебинам, вале аз дасти ман чизе намеояд.”-, иброз дошт Марямбӣ.
Баъди фалокати табиӣ масъулияти бозсозӣ ва сохтмони хонаҳои осебдидаро ташкилоту идораҳои давлатӣ ба дӯш гирифтанд. Хонаҳои навсохте, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон калиди онро тақдим кард Вазорати корҳои дохилӣ бунёд кардааст.