Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд қисми низомии Конибодому Исфара дидан кард


Акс аз вебсайти хабаргузории "Ховар"
Акс аз вебсайти хабаргузории "Ховар"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран аз чанд қисми низомии шаҳрҳои Исфараю Конибодом дидан карда бо низомиёни хидматчӣ гуфтугӯ кардааст. Ба навиштаи хабаргузории «Ховар», ин сафар рӯзи 23 декабр барпо шудааст. Дар хабар омадааст, ки Аҳмадзода аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Конибодом, аз ҷумла дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комендатураи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон боздид намудааст. Дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” дар марз бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон қарор дошта, моҳи ноябри соли 2020 ифтитоҳ шудааст.

Акс аз вебсайти "Ховар"
Акс аз вебсайти "Ховар"

Дар хабар гуфта мешавад, ки Аҳмадзода дар суҳбат бо ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозон гуфтааст, қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон “аз имтиҳонҳои сангини таърихӣ гузашта”, ба неруи пурқудрати мудофиавӣ табдил ёфтаанд. Раҷаббой Аҳмадзода бо ишора ба паёми имсолаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ваъдаи афзоиши маоши хидматчиёни низомӣ дар ҳаҷми то 25 % ёдовар шудааст.

XS
SM
MD
LG