Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав нархи патент боло меравад


Намунаи патент барои муҳоҷирон дар Русия.
Намунаи патент барои муҳоҷирон дар Русия.

Дар Маскав, пойтахти Русия низ нархи патент ё иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон аз соли оянда гарон мешавад.

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав зимни баромадаш дар Думаи шаҳрӣ гуфтааст, нархи иҷозатномаи кор ҳудуди 6 ҳазор рубл дар як моҳ муқарар мешавад. Пештар дар Маскав патент 5 ҳазору 300 рубл буд.

Ба қавли Собянин, ин маблағи муҳоҷирон аз пардохти шаҳрвандони Русия ба маротиб бештар аст. Ӯ ҳамчунин ба он ишора кардааст, ки аз 1-уми январи соли нав назорат аз болои муҳоҷирон вусъат дода мешавад.

Муҳоҷирон пайваста аз нақзи ҳуқуқашон дар русия шикоят мекунанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар Русия шароити дурусти кор барои онҳо фароҳам намекунанд, вале аз кори он фоидаи бузург ба даст меоранд.

Дар ин робита тибқи дастури ҳукумат ба қонунгузории федералӣ тағйирот ворид шудааст. Бар пояи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ, додани патент нисбат ба ҳамин давраи соли пеш тақрибан ду баробар зиёд шудааст. Дар ин муддат ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд беш аз 1 миллиону 800 ҳазор иҷозатномаи фаъолият дода шудааст.

XS
SM
MD
LG