Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз Тоҷикистон хостанд, бо ҳукумати ин гурӯҳ робита барқарор кунад


Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон.
Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон.

Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон хостааст, ки бо давлати ин гурӯҳ дар Афғонистон робита барқарор кунад. Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ин матлабро рӯзи 15-уми декабр зимни суханронӣ дар маркази фармондеҳии артиши Афғонистон дар шаҳри Ҳирот баён кардааст.

Телевизиони миллии Афғонистон, ки дар ихтиёри Толибон аст, дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" аз қавли Аббос Станикзай навишт, ин гурӯҳ бо ҳамаи кишварҳо хоҳони робитаҳои наздик мебошад. Ӯ дар идома гуфтааст, ки "мо бо кишвари Тоҷикистон муштаракоти бисёре дорем".

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатаҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод кардааст.

Давлатмардони тоҷик пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон дар муносибатҳои мухталиф аз ин гурӯҳ даъват карданд, ки бо иштироки ҳамаи ақвоми он кишвар, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун шуморе аз сарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, дар Тоҷикистон ба сар мебаранд. Тоҷикистон то ба ҳол ба таври расмӣ ҳузури раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар қаламрави худро тасдиқ накардааст.

XS
SM
MD
LG