Нархи иҷозатнома барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Нарх бо далели боло рафтани нишондиҳанда барои ҳисобҳо тағйир ёфтааст. Ҳоло як нишондиҳанда дар Тоҷикистон 60 сомонӣ ҳисоб мешавад, вале аз 1-уми январи соли 2022 он ба 64 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсолашон аз соли 2005, аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан ин нишондиҳанда 5 ҳазору 160 сомонӣ аст.
Бар асоси муқаррароти ҷорӣ, дар Тоҷикистон арзиши сиёҳ кардани шишаҳои мошинҳои бароришашон то 31 декабри соли 2004 ба 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст, ки аз 1 январи соли 2022 он муодили 4 ҳазору 160 сомонӣ хоҳад буд. Ин нишондиҳанда барои мошинҳои соли бароришашон аз 1 январи соли 2005 то ҳол 86 нишондиҳанда барои ҳисобҳост, ки аз оғози соли оянда 5 ҳазору 504 сомониро ташкил хоҳад дод.
Тоҷикистон аз соли 2000 то 2009 сиёҳ ва ё хира кардани шишаи мошинҳоро ба истиснои чаҳор нафар – президент, нахуствазир ва раиси ду палатаи порлумон, манъ карда буд. Аз соли 2009 ба ин ҷониб ҳукумати Тоҷикистон сиёҳ ва ё хира кардани оинаи қафо ва паҳлӯи мошинҳоро бар ивази пардохти боҷи давлатӣ иҷозат додааст.
Дар оғоз гуфта мешуд, пуле, ки аз судури иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба даст меояд, барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" сарф мешавад. Аммо Бозрасии Давлатии Автомобилӣ гузориш надодааст, ки то кунун аз ин ҳисоб чӣ миқдор маблағ ба даст омадааст.