Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари афғон мехоҳад, яке аз сегоникҳояшро фурӯшад. ВИДЕО


Эҳсонулло се фарзанди дигар ҳам дорад.
Эҳсонулло се фарзанди дигар ҳам дорад.

Як падари афғон мегӯяд, маҷбур аст, яке аз фарзандони сегоникашро фурӯшад, то дутои дигарашро нигоҳубин кунад. Эҳсонуллоҳ ва ҳамсараш чанде пеш соҳиби се навзод шуданд, вале падар мегӯяд, ночор аст, яке, ё дутои онҳоро ба оилаи бефарзанде бифурӯшад, чун пули кофӣ барои хӯронидани пӯшонидани кӯдакон надорад.

Ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Ман маҷбурам, яке аз онҳоро бифурӯшам ва дутояшро нигаҳ дорам ва ё дутояшро фурӯшаму якеро бо (пули онҳо) нигаҳ дорам. Ман илоҷе ба ғайр аз фурӯхтани яке аз онҳо надорам, зеро мушкилоти пул дорем. Шаби гузашта чизе барои хӯронаданашон наёфтем. Шаби дароз хокшир (маҳлуле аз рустанӣ) хӯрданд, ки занҳо омода мекунанд. Бисёр сахт аст, пул надорем.”

Падари cегоникҳои афғон мегӯяд, маҷбур аст, яке аз онҳоро фурӯшад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Иноятулло, Асадулло ва Раҳмонулло якмоҳа шудаанд. Эҳсонуллоҳ, ки се фарзанди дигар ҳам дорад, дар як сохтмоне дар шаҳри Кандаҳор кор мекунад. Ӯ иҷоза надод, ки ҳамсар ва бақия аъзои оиларо ба навор гиранд. Мақомоти Толибон ваъда доданд, ки ба ӯ кумак мекунанд, то барои таъмини фарзандон чизе дошта бошад, аммо чӣ гуна кӯмак нагуфтанд.

Ҳафиз Нураҳмад Саид, намояндаи Толибон дар Идораи иттилоот ва фарҳанги вилояти Қандаҳор: “Ман масъалаи ӯро фавран ба раиси вилоят мерасонам. Иншоллоҳ ӯ кумаки кофӣ мегирад.”

Баъди ба қудрат омадани Толибон дар моҳи август, ҳоли иқтисоди Афғонистон табоҳ шуд. Ба гуфтаи Созмони Милал тақрибан 60 дар сади аҳолии кишвар аз гуруснагӣ ранҷ мекашанд. Як миллион кӯдак низ ба хатари сӯитағзия ва ё истеъмоли ғизои нокофӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

XS
SM
MD
LG