Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абутолиб аз пой маҳрум шуд, вале дар пеши мушкилот зону назад. ВИДЕО


Абутолиб Сафаров бо ин трактор кори ҳамдеҳагонашро осон карда, рӯзии худ ва оилаашро меёбад
Абутолиб Сафаров бо ин трактор кори ҳамдеҳагонашро осон карда, рӯзии худ ва оилаашро меёбад

Абутолиб Сафарови 40-сола шаш сол боз бо як по трактор меронад. Пойи дигарашро дар ҷавонӣ маъюб кард ва онро буриданд. Вай мегӯяд, як пойи сунъӣ дорад, вале танҳо барои роҳ рафтан ба ӯ кумак мекунад. Биноан, танҳо бо як пойи солимаш трактор меронад.

"Поям хаста мешавад, дард мекунад. Баъзе вақт корро ба охир расонда наметавонам. Шаб мешавад. Дер мешавад,” – нақл кард ӯ.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Абутолиб бо пойи сунъӣ трактор меронад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

То насби пойи сунъӣ дар хона бекор мехобид. Баъд аз он бархест, то коре ёбад ва хонаводаашро таъмин кунад. Як ҳамдеҳааш ба ӯ рондани тракторро омӯзонд. Акнун ӯ ронандаи хубест, ки тамоми заминҳои деҳаи Турконии ноҳияи Муъминободро шудгор мекунад.

Тағоймурод Мирзомуродов, ҳамдеҳаи Абутолиб Сафаров, мегӯяд, "дигарон дар ин замин кор намекунанд. Метарсанд. Ӯ ба куҷое гӯянд, меравад."

Абутолиб ҳамчун маъюби гурӯҳи сеюм 100 сомонӣ нафақа мегирад, ваел мегӯяд, даромади асосияш аз кори трактор аст. "Вақте меҳнат накунӣ, ҳеч кас нигоҳубин намекунад. Зиндагӣ ҳамин хел шудааст. Ҳар кас худам мегӯяд. Агар дошта бошӣ, хуш ба ҳолат, вагарна зиндагӣ вазнин аст," – мегӯяд ӯ.

Вай барои ҳар гектар замини кишткардааш 20 сомонӣ мегирад. Тракторро барояш иҷора додаанд, вале чанд бор талош шудааст, онро аз дасташ гиранд. Абутолиб Сафаров мегӯяд, барои аз даст надодани трактор мубориза мебарад.

Абутолиб Сафаров чаҳор фарзанд дорад. Фарзанди калонияш дар синфи шашум мехонад, хурдиаш чаҳор сол дорад. Ӯ мегӯяд, хонаводаи онҳо дар гузашта шикастҳои сахт хӯрдааст.

Падараш соли 2014 аз таркиши снаряди боқимондаи пойгоҳи 201-уми Русия фавтида ва бародараш аз як даст маҳрум шудааст. Бо ин вуҷуд Абутолиб мегӯяд, ӯ талоши зиндагӣ дорад.

Ҳоло дар Хатлон ба ҳисоби расмӣ 56 ҳазор маъюб ё шахсони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, ки беш аз 12 ҳазори онҳо то 18-сола будаанд. Аммо шумораи онҳое, ки ба монанди Абутолиб Сафаров кор карда, дар шуғле устод гардад, кам расонаӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG