35 сол пеш зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил иштирок карда, то ин дам 650 нафари онҳо фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, ба иштирокдорони рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил пайваста кумак мекунанд, вале ҷабрдидаҳои ҳодиса онро нокофӣ медонанд.
"Вақте бармегаштам, аз ҳуш рафта, ба замин афтодам"
26-уми апрели соли 1986 ҷаҳон аз вуқӯи садамае дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар Украина огаҳӣ ёфт. Даҳҳо ҳазор мардум ва низомиён аз ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин барои рафъи оқибатҳои садама ба сурати иҷборӣ ба маҳалли ҳодиса фиристода шуданд.
Саттор Кенҷаков, сокини 63-солаи шаҳри Душанбе, он вақт 27-сола буд. Маъмурони комиссариати ҳарбӣ ӯро барои тамрин даъват карданд, вале бидуни ҳеч огоҳӣ аввал ба Русия ва сипас ба Украина фиристоданд.
"Бар ин фикр будам, ки мисли солҳои гузашта сарбозони эҳтиётиро барои омодагӣ ҷамъ меоранд. Касе сабаби асосии даъватро нагуфт. То нимарӯзӣ ба мо иҷозат надоданд, ки ба ҷое биравем. Соати чаҳор ба вокзали роҳи оҳан бурданд, вале ба куҷо меравем, касе чизе нагуфт”, -- ба ёд овард ӯ.
Ба нақли Кенҷаков, аввал ӯву ҳамроҳонашро ба шаҳрҳои Новосибирску Томск ва Маскав бурда, гуфтаанд, ки барои бартарафсозии оқибатҳои таркиш дар нерӯгоҳи ҳастаии барқии Чернобил ба шаҳри Припятии Украина мебаранд.
Он рӯзҳо аллакай масофаи 30-километрии атрофи ин нерӯгоҳ хатарнок ва мамнуъ дониста мешуд. Саттор Кенҷаков ва чанд нафари дигарро ба дохили нерӯгоҳ бурдаанд:
"Дар он ҷо ягон бӯй ё чизи дигаре эҳсос намешуд. Танҳо як дақиқа кор мекардему дасту поямон мисли латта беҳис мешуд. Вақте бори дувум маро ба дохили нерӯгоҳ ба кор мефиристоданд, пойҳоям дигар итоат намекарданд. Ман бояд ба охири боми агрегати чаҳорум мерафтам. Банди оҳаниро бояд ба поён мепартофтам, вале ҳатто дастпӯшакҳоям ба дохили ин агрегат афтоданд. Вақте бармегаштам, аз ҳуш рафта, ба замин афтодам."
"Ҳосил"-и радиатсия
Ҳамакнун Саттор Кенҷаков мегӯяд, аз ҳуш рафтанаш натиҷаи таъсири ташшашуъ ё радиатсияи баланд буд. Дертар, барояшон ҳисобкунакҳои ташшашӯӣ додаанд ва он нишон медодааст, ки мизони радиатсия то 70 будааст.
Пас аз анҷоми корҳои бартарафсозӣ зимистони ҳамон сол Саттор Кенҷаков ба Тоҷикистон баргашт, аммо то ҳол оқибатҳои олудашавии сахти ҷисмаш ба ташшашуъ аз худ дарак медиҳад. "Вақте бозгаштам, тамоми баданам обила кард ва муддате дар бемористонҳо табобат гирифтам. Се даъфа фарзанддор шудам. Ба онҳо низ радиатсияи Чернобил таъсир гузоштааст", -- нақл кард ӯ.
Соли 1986 аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил даҳҳо ҳазор нафар эъзом шуда буданд. Мақомоти Шӯравӣ барои таъмини тафреҳи кормандони эъзомшуда гурӯҳҳои ҳунариро низ ба Украина мефиристоданд.
Қиматой Шарипова, дастаи “Садбарг” ва барфи зард
Қиматой Шарипова, дар гузашта ҳунарманди гурӯҳи ҳунарӣ аз шаҳри Ваҳдатро водор кардаанд, ба ин минтақаи офатзада сафар кунад. Бо даъвати сарбозони тоҷик, ки дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил ширкат доштанд, Қиматойро дар ҳайати дастаи ҳунарии “Садбарг” ба Чернобил фиристодаанд.
Ӯ рӯзи 25-уми апрел гуфт: "Вақте моро аз шаҳри Гомел бо автобус ба Чернобил мебурданд, рӯйи замин барфи зардро дидам. Ҳайрон шудам, ки чаро ин ҷо барфи зард меборидаасту дар барномаи "Время" дар ин бора хабар намедиҳанд. Дар ҳайрат мондам. Чун ба осмон нигоҳ кардам, барфи сафед меборад, аммо дар масофаи 2-2,5 метр то замин рангаш зард мешавад."
Наворро дар ин ҷо бинед:
Ба иттилои Фаридун Ҳакимзода, раиси Шӯрои ҷамъиятии Иттифоқи маъюбони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил дар Тоҷикистон, аз ҷумҳурӣ дар умум шаш ҳазор нафар ба маҳалли офатзада фиристода шуда буданд. Баъзе аз ин афрод алакай фавтида, боқимонда аз таъсири бемориҳои вобаста ба ташшашуъ то ҳол ранҷ мекашанд.
"Ҳамон давра кадом узви бадани инсон суст ё дардманд бошад, ҳамонро радиатсия мезанад. Метавонад ҷигар бошад ё гурда. Аммо қабл аз ҳама ба устухони инсон таъсир мекунад. Баъд таъсири радиатсия ба ҳама узви бадан мегузарад. Ҳамон иллате, ки падараш дорад, ба воситаи генҳо ҳамчун дарди ирсӣ ба наслҳои дуюму сеюм ҳам мегузарад", -- гуфт Фаридун Ҳакимзода.
"Қонун пурра иҷро намешавад"
Аз шаш ҳазор нафаре, ки дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз Тоҷикистон ширкат доштанд, 1770 нафар узви Шӯрои ҷамъиятии иттифоқи маъюбони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар Тоҷикистон қонун "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд" вуҷуд дорад, ки ба ин гуруҳи маъюбон имтиёзҳои гуногунро пешбинӣ кардааст. Аммо, ба гуфтаи Фаридун Ҳакимзода, ки худ дар баратарафсозии оқибатҳои «Чернобил» ширкат кардааст, танҳо 70 дарсади муқаррароти ин қонун иҷро мешавад.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, дар солҳои аввали баъд аз касби истиқлол баъзе аз мақомоти Тоҷикистон ҳатто изҳор медоштанд, ки «мо Шуморо ба Чернобил нафиристодаем ва рафта дар Украина имтиёз талаб кунед».
Маъюбони Чернобил дар Тоҷикистон дар сол як бор беш аз 3000 сомонӣ барои истироҳат мегиранд. Табобаташон ройгон аст. Фарзандону наберагони чернобилчиён дар маҷмуъ ҳар сол аз 20 квотаи дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус бархурдоранд.
26-уми апрели соли 1986 дар чархаи чоруми нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил садамае рух дод, ки он бузургтарин фалокат дар таърихи энержии ҳастаӣ дониста мешавад. Атрофи он дар доираи 30 километр заҳролуд шуд ва абри радиоактивӣ маводи марговари кимиёиро ба дурии садҳо километр паҳн кард. Зарари ин садамаро ба иқтисоди Иттиҳоди Шӯравӣ миллиардҳо доллар медонанд, аммо зарари ҷисмонии онро наслҳои зиёде хоҳанд дид.