Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даҳҳо мошини борбари тоҷиконро боздоштааст. Чаро "тоифӣ" бо мушкил дучор шуд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тақрибан 50 мошини борбаре, ки аз Тоҷикистон ба Русия ангур мебурданд, дар гузаргоҳи гумрукии "Сагарчин"-и Оренбург ва "Троитский"-и Челябинск банд мондаанд.

Ронандагон иддао доранд, ки беш аз даҳ рӯз боз дар сармо истодаанд ва касе вазъиятро шарҳ намедиҳад. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Уфа мегӯянд, барои ҳалли масъала кӯшиш доранд.

Абубакр Ашӯралиев, ронандаи як мошини борбар, ба Русия 20 тонна ангури "тоифӣ"-и Тоҷикистонро интиқол доданист, аммо ба хоки он кишвар ворид шуда наметавонад. Вай нақл кард, ки ҳарчанд маъмурони гумруки Русия бори понздаҳ мошинро фаровардаву тафтиш карданд, иҷозаи гузаштан надоданд.

"Ҳаво сард аст. Дар ин барфбориҳо дар даруни мошин шабро рӯз мекунем", -- гуфт ӯ рӯзи 19-уми ноябр.

Хадамоти гумруки Русия дар сомонаи расмияш хабар додааст, ки рӯзҳои 16 ва 17-уми ноябр бо ҳадафи пешгирӣ аз вуруди молу маводи мамнуъ дар гузаргоҳҳо бо Қазоқистон амалиёт гузаронд. Аммо қазияи вобаста ба ронандаҳои тоҷикро шарҳ надодааст.

Як масъули гузаргоҳ ба ронандаҳои тоҷик гуфтааст, сабаби асосии боздоштани мошинҳои борбари Тоҷикистон ба ошкор шудани маводи мухаддир дар яке аз мошинҳои ҳомили 20 тонна ангур дар марзи Узбекистон пайванд дорад. Мошинҳои Тоҷикистон аз сарҳади Узбекистон гузашта, ба Русия мераванд.

Баъзе аз мошинҳои бандмонда дар гузаргоҳҳои Русия
Баъзе аз мошинҳои бандмонда дар гузаргоҳҳои Русия

Ронандаҳои тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, барои онҳо низ маълум шудааст, ки 2-юми ноябр аз як мошини борбар ҳудуди 200 кило маводи мухаддир ёфтаанд. Вале Ботурҷон Халилов, ронандаи бандмондаи тоҷик дар гузаргоҳи "Сагарчин"-и Оренбург мегӯяд, "агар аз даруни ангурҳои як мошини борбар маводи мухаддир ёфта бошанд, гуноҳи ронандаҳои дигар чӣ аст? Агар мехоҳанд, хуб тафтиш кунанду иҷозаи гузаштан диҳанд. Даҳ рӯз боз дар вазъияти бад ҳастем."

Дар ҳамин ҳол, Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошта шудани мошинҳои борбари ронандаҳои тоҷик дар гузаргоҳи "Сагарчин"-и Оренбург хабар дорад ва барои ҳалли масъалаи онҳо машғул аст.

Ӯ гуфт, "масъули диаспораи тоҷиконро дар вилояти Оренбург муваззаф кардем, ки бо ронандаҳо дар гузаргоҳи "Сагарчин" тамос гирад ва бо идораи гумрук масъаларо баррасӣ кунад."

Ба нақли ронандаҳои тоҷик, то замони гузаштани онҳо аз гузаргоҳи "Сагарчин" ва "Троитский" ба мошинҳои борбари тоҷик овардани ангур аз Тоҷикистон ба Русия манъ карда шудааст. "Ҳоло соҳибкорон бо мошинҳои борбари ронандаҳои Қазоқистон ангурҳоро интиқол медиҳанд", -- гуфт яке аз ронандагон.

Тоҷикистон аз Русия маҳсулоти нафтӣ, ғизо, чӯбу тахта ва маҳсулоти оҳанӣ меорад ва дар иваз алюминий, пахта, меваи хушк ва меваву сабзавот мебарад. Дар гузашта мақомоти Русия чандин тонна мавизу зардолу, гелос ва биринҷи Тоҷикистонро ба далели надоштани асноди лозим пас гардонда буданд.

XS
SM
MD
LG