Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаи нави Русия. Меваю сабзавот дар бағоҷ – на беш аз 5 кило


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия қоидаҳои нави бо худ бурдани меваю сабзавот ва гулу растаниро ба он кишвар ҷорӣ кард.

Бар асоси тартиби нав, мусофирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, ҳангоми сафар ба Русия ҳақ надоранд, дар бағоҷи худ беш аз панҷ кило меваи тару хушк ва сабзавот бигиранд. Баъзе аз мусофирон аз Тоҷикистон чунин қоидаро "маҳдуд кардани ҳуқуқи худ" медонанд.

Қоидаҳои нав барои мусофирони ҳама навъи нақлиёт – ҳавопаймо, қатор (поезд), киштӣ ва мошинҳо – дахл дорад. Дар дафтари матбуоти Хадамоти федеролии гумруки Русия рӯзи 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "мувофиқи қарори ҳукумати Русия мусофирон ҳақ доранд, то 5 кило маводи ғизоиро бо худ биоранд."

Мақомоти Русия мегӯянд, барои бо худ гирифтани панҷ кило меваи хушк санади фитосанитарӣ зарур нест. Аммо барои бо худ гирифтани меваи тар ва картошкаву гул доштани санад зарур аст.

"Мусофир ҳақ дорад, се даста гулро бе сертификат ё шаҳодатномаи фитосанитарӣ ворид кунад, аммо бидуни ин санад бо худ овардани тухмии растаниҳо ва картошка мумкин нест", -- гуфтанд дар Хадамоти федеролии гумруки Русия.

Айни ин қоида ҳангоми ворид шудан ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё низ амал мекунад. Айни замон ба ҷуз аз Русия чаҳор кишвар – Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон – узви ин иттиҳод ҳастанд.

Русия яке аз кишварҳои пасошӯравист, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бештар ба он сафар мекунанд. Сокинон маъмулан дар бағоҷ бо худ меваҳои хушк, донагӣ ва нону асал мебаранд.

Аммо нозирони гумрук ва “Росселхознадзор” – идораи назорати бехатарии ғизо дар Русия – аз бағоҷи мусофирон аз Тоҷикистон маводи зиёди ғизоро “зарарнок” гуфта, мусодира мекунанд.

Матбуоти Русия низ дар бораи мусодира шудани ин ё он навъи мева ва ё маводи ғизоӣ аз бағоҷи мусофирон аз Тоҷикистон зуд-зуд хабар медиҳад.

Барои мисол, идораи гумруки вилояти Ханти-Мансийскии Русия хабар додааст, ки танҳо аз 5 то 10-уми августи имсол аз бағоҷи мусофирон аз Тоҷикистон ҳудуди ним тонна маводи ғизоиро мусодира ва нобуд кардаанд. Дар миёни маводи маҳвшуда асал ҳам будааст. Мақомоти рус ба далели он ки асали тоҷикӣ санади байторӣ надошт, онро мусодир карда, ба партовгоҳ партофтаанд.

Ба ин монанд, идораи “Росселхознадзор” дар вилояти Самараи Русия иттилоъ медиҳад, ки нозиронаш дар фурудгоҳи Курумоч аз бағоҷи мусофири тоҷик як халта себро мусодира карданд, “чун себ дар дохилаш кирми калифорниёӣ дошт”.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, мегӯяд, мақомот бағоҷи тоҷиконро ба фарқ аз мусофирони дигар шадидан тафтиш мекунанд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони кишварҳои дигар айни чунин маҳсулотро бидуни мушкил ва тафтиши зиёд дар бағоҷашон бо худ мебаранд.

“Баъзан мева ва маҳсулоти овардаашон санади фитосанитарӣ ҳам дошта бошад, эътироф намекунанд. Ошкоро мегӯянд, ки санадҳои тоҷиконро ба ҳоҷатхона андозед. Ё масалан кулчаву нонро бо корд мебуранд ва сагони посбонро меоранд, ки онро бӯй кашанд. Баъди ин гуна тафтиш кӣ нонро мехӯрад?” -- афзуд Ёров.

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, дар сурати мусодираи мева ё меваи хушки дохили бағоҷ мақомоти Русия ҳақ доранд, то як моҳ бехатарии онро тафтиш кунанд. “Албатта, дар ин муддат меваҳо вайрон мешаванд ва мусофир ҳам аз баҳри он мегузарад. Чун харҷи роҳкирои омаду рафт то назди идораҳои давлатӣ аз нархи он савғо дида бештар мешавад”, -- иброз дошт Каримҷон Ёров.

Бо назардошти хӯрдагирии мақомоти рус ба маводи дохили бағоҷҳои мусофирон аз Тоҷикистон, Ёров мегӯяд, беҳтар аст мусофирон аз Тоҷикистон бо худ мева ва дигар навъи ғизоро наоранд, “чун дар сарҳади Русия боис ба дарди сар, озурдагии хотир ва гузашта аз ин ҷарима мешавад”.

Мувофиқи иттилои “Росселхознадзор” айни замон дар Русия ҳудуди 125 номгӯи маҳсулот аз растанӣ зери феҳрасти карантин қарор доранд.

Дар ин феҳраст, аксари мева ва сабзавот, ангур, анҷир, гелос, олу зардолу, хабузаву тарбуз шомил ҳастанд. Мусофироне, ки бо худ ин навъи меваҳо ва ё хушки онро мебаранд, аз кишвари худ бояд санади бехтарии фитосанитарии ин маҳсулотро дошта бошанд.

Дар гузашта мақомоти Русия чандин тонна мавизу зардолу, гелос ва биринҷи Тоҷикистонро ба далели надоштани асноди лозим пас гардондаанд.

XS
SM
MD
LG