Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозанӣ дар Хоруғ. "Нофаҳмӣ" байни пулис ва Маҳмадбоқиров? Мақомот: Хабар надорем. САДО


Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров. Акс аз соли 2012. Муаллифи акс Рамзия Мирзобекова
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров. Акс аз соли 2012. Муаллифи акс Рамзия Мирзобекова

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ба сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар вилояти Бадахшон ҳамла шудааст. Манобеъ гуфтанд, ҳодиса рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ рӯй дода, дар ин робита аз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии вилоят, ном бурда мешавад.

Дафтари матбуоти ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 16-уми ноябр дар бораи ҳодиса изҳори бехабарӣ кард. Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров то ин замон бенатиҷа буд.

Як манбаъ дар Ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, “нофаҳмӣ миёни кормандони пулис ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров рӯзи якшанбе рух дод.”

Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш гуфта шавад, “дар рӯзи ҳодиса барои таъмир кӯчаи марказии шаҳри Хоруғ баста буд, вале Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров аз маҳаллаи УПД гузаштааст.”

Занозанӣ дар Хоруғ бо истифода аз табар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00
Линки мустақим

“Нозирони БДА аз вилояти Хатлон оварда шуда буданд. Онҳо Маҳмадбоқирро намешиносанд. Хулоса, кормандони БДА, Маҳмадбоқирро дастгир мекунанд ва ӯ ба як гуруҳ занг мезанад. Ин гуруҳ бо кормандони БДА занозанӣ мекунанд ва як нафараш бо табар ба қафаси синаи як корманди милиса задааст”, -- нақл кард ӯ.

Тасдиқи дурустии ин иттилоъ аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст. Аммо баъзе аз шоҳидони ҳодиса рӯзи сешанбе тасдиқ карданд, ки занозанӣ дар пеши постгоҳ дар Хоруғ шудааст.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии вилояти Бадахшон, рӯзи 16-уми ноябр ба зангҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надод.

Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ

Манбаъ дар Ситоди байниидоравии таъмини тартибот дар Бадахшон гуфт, корманди пулис либоси ғафси зимистона доштааст ва барои ҳамин табар ба ӯ осеби ҷиддӣ нарасондааст. Ӯ гуфт, тасдиқ карда наметавонад, ки шахсӣ захмишуда сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ буд ё не. “То ҳол дар робита ба ин ҳодиса касе боздошт нашудааст. Маводи аввалия тартиб дода шуда, пурсуҷӯ рафта истодааст,” -- афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Сайидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноӣ дар ВМКБ, хабари бо табар зада шуданашро тасдиқ накард. Вай гуфт, “чунин ҳодиса нашудааст” ва бо сабаби, ба гуфтаи худаш, дар ҷаласаи муҳим буданаш, телефонашро хомӯш кард.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки номи вилояти мухтори Бадахшон дар як ҳафтаи охир бо сабаби ба таври ногаҳонӣ ва зудҳангом барканор шудани раиси пешини он, Ёдгор Файзов, дар сархатти расонаҳо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG