Пас аз нимирӯзии 6-уми сентябр, тақрибан соатҳои 15:00-15:30, дар маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), дар ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оқохон тирпаронӣ ба вуқуъ пайвастааст. Дар натиҷаи он ду нафар -- Салам Имомназаров ва Мансур Ҷумъахонов захмӣ шуданд.
Бино бар маълумоти чанд сарчашмаи хабарии Радиои Озодӣ тирандозӣ дар байни тарафдорони раҳбарони ғайрирасмӣ Толиб Айёмбеков ва Салам Имомназаров ба амал омадааст.
Ҳоло Имомназаров ва Ҷумъахонов дар Беморхонаи марказии вилоят бистарӣ шудаанд. Дар бораи вазъи онҳо маълумоти дақиқ дар даст нест.
Пештар хабар расида буд, ки Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, бар асари занозании ду гуруҳ дар тарабхонаи "Марко Поло" дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст. Ба иттилои манобеи огоҳ, ҳодиса бегоҳи 5-уми сентябр рух додааст, вале сабабҳои он ошкор нашудаанд.
Эҳтимол меравад тирпаронӣ идомаи ин воқеа бошад, чун дар он ҳодиса ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, муноқиша миёни афроди Айёмбеков бо гурӯҳи Салам, писари Имомназар Имомназаров сурат гирифта, "дар онҷо бо санг ба сари Толиб Айёмбеков задаанд".
Тағойбек Ғозибеков, сардухтури Бемористони марказии Хоруғ, рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки соати 11-и шаби 5-уми сентябр Толиб Айёмбековро ба беморхона оварданд. Ӯ гуфт, Айёмбеков захми ҷиддӣ надошт ва "танҳо сараш каме осеб дида, харошида буд. Ягон ёрии таъҷилӣ лозим набуд, баъд ӯро гирифта бурданд".
Ғозибеков ҳамчунин гуфт, баъд аз занозанӣ дар тарабхонаи "Марко Поло" ба ғайр аз Толиб Айёмбеков дигар касеро наовардаанд.
Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол муноқиша дар тарабхонаи "Марко Поло"-и шаҳри Хоруғ ва ҳам тиранлдозӣ дар Бархоруғро шарҳ надодаанд.
Матлаб бо дастрас шудани маълумоти нав такмил хоҳад шуд.