Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз амалиёти вижа дар Хоруғ 9 сол гузашт. Дар Тоҷикистон хомӯшист, дар Маскав чӣ шуд?


Маросими дафни қурбониён дар Хоруғ. Моҳи июли 2012
Маросими дафни қурбониён дар Хоруғ. Моҳи июли 2012

Рӯзи 24-уми июл аз амалиёти вижаи нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, нӯҳ сол гузашт. Дар он ҳодиса, ба иттилои расмӣ, 23 низомӣ ва 21 шаҳрванди мулкӣ кушта шуданд. Мақомот ҳамвора ба дурустии амалиёт таъкид мекунанд, вале мардум онро навъе аз саркӯб мешуморанд.

Дар Тоҷикистон аз амалиёти соли 2012 дар Хоруғ ва қурбониёни ҳодиса расман ёд намекунанд, вале баъзе шахсони алоҳида, бахусус наздикони қурбониён, дар маҳфилҳои хурду ҷудогона ва шабакаҳои иҷтимоӣ он рӯзро ба хотир меоранд.

Қарор буд, шоми 24-уми июл дар Маскав як гурӯҳ аз зодагони вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба ёди қурбониёни ҳодиса маҳфил биороянд, аммо сомонаи Pamir Daily News навишт, пулис беш аз 100 иштирокдори маҳфилро дастгир кардааст.

Яке аз иштиркодорон ба Pamir Daily News гуфтааст, "ин чорабинӣ соати ҳашти шом ба вақти Маскав дар тарабхонаи назди метрои Черкизовский оғоз ёфт. Аммо пас аз як соат полис ба чорабинӣ халал расонд ва ҳамаи ширкаткунандагонро дастгир кард." Тафсилоти дигар дастрас нест.

Нӯҳ сол пеш дар маркази ВМКБ чӣ гузашт?

Далели расмии бурдани нерӯҳои ҳукуматӣ ба минтақа дар соли 2012 ва оғози амалиёти вижа куштани сардори раёсати амнияти миллӣ дар вилоят, генерал Абдулло Назаров, шуд. Гумонбарони асосӣ одамони давру бари фармондеҳи пешини саҳроӣ ва дар он замон сардори отряди марзбонии Ишкошим, Толиб Айёмбеков, дониста мешуданд. Худи Айёмбеков ба пинҳон доштани ҷинояткорон муттаҳам буд.

Абдулло Назаров
Абдулло Назаров

Дар соати 4-и субҳ амалиёт ҳамзамон дар се минтақаи Хоруғ, ки онҷо лидерҳои ғайрирасмӣ – Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгор Мамадасламов – зиндагӣ мекарданд, оғоз шуд. Онҳо ба қочоқи маводи мухаддир, фурӯши сангҳои қиматбаҳо, қочоқи инсон, монеъ шудан ба фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайра муттаҳам мешуданд.

Муқовимати мусаллаҳона бо нерӯҳои ҳукуматӣ 16 соат дароз кашид ва пас аз қабули қарор дар бораи оташбас аз тарафи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тирандозӣ муваққатан қатъ карда шуд.

Бо миёнравии Бунёди Оқохон (Оғохон) миёни гуруҳҳои мусаллаҳ ва ҳукумат мусолиҳа ҳосил шуд, ки шарти асосии он супурдани силоҳҳо ва гунаҳкорони қатли генерал Назаров буд.

Пас як моҳи ин ҳодиса, лидери аз ҳама пурнуфузтар дар минтақа Имомназар Имомназаров дар хонааш кушта шуд. Наздиконаш дар қатли ӯ мақомотро муттаҳам карданд, вале мақомот инро рад карданд.

Имомназар Имомназаров
Имомназар Имомназаров

Барои "ҳаводиси Хоруғ" чаҳор сокини Хоруғро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов барои куштани Абдулло Назаров 17 ва 16 сол зиндонӣ шуданд. Шерик Карамхудоев ва Димон Ашуров барои иштирок дар ин ҳаводис мутаносибан 14 ва 12 сол зиндонӣ шуданд.

Дар мониторинги созмонҳои миллии мудофеи ҳуқуқ вобаста ба ҳаводиси Хоруғ гуфта мешавад, ки "давлат барои муайян ва ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон ва масъулони барномарезӣ ва иҷро кардани амалиёти низомӣ талоши лозим накард". Вале Омбудсмени Тоҷикистон он замон ин таҳқиқотро якҷониба номида буд.

Тасвир саҳнаҳое дорад, ки шояд барои дигарон нофорам бошанд.
Ҷасади сарбозон, Хоруғ, моҳи июли 2012
Ҷасади сарбозон, Хоруғ, моҳи июли 2012

Чӣ тағйир (на)ёфт?

Сокинони Хоруғ ба ин суол, ки оё баъд аз ҳодисаҳои соли 2012 вазъ чӣ гуна тағйир кард, посухи норӯшан медиҳанд.

"Ба назари ман дар роҳҳо хеле тартибу интизом баланд шуд. Теъдоди мошинҳои сиёҳшиша кам шуд, эҳсос мешавад, ки тарс аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар шуд", - мегӯяд як омӯзгори маҳаллӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард.

Сокини дигари Хоруғ мегӯяд, фарқи зиёде ба назар намерасад: "Ҳама мисли пештара зиндагӣ мекунанд, фақат низомиҳо дар шаҳр бештар шуданд. Дар оғоз ҳузури онҳо бисёриҳоро нороҳат мекард, ҳар рӯз ҷанҷол ва камшмакашҳо буд, вале ҳоло ба онҳо одат карданд ва онҳо ҳам каме мулоимтар шуданд. Мешавад, ки баъзан кадом як корманде зиёдравӣ мекунад, ки нигарониву чанҷолро ба бор меоавард, вале дар умум ҳама чӣ ором аст."

Баъд аз ҳаводиси соли 2012 Вилоти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ бинобар ҷанҷолҳо ва намоишҳои эътирозӣ тез-тез мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Ҳаводиси пурсарусадотар дар соли 2014 ба назар расид. Пас аз тирандозӣ ба сӯйи мошине аз ҷониби низомиён дар маркази шаҳр бетартибиҳо сар зад, ки дар натиҷа эътирозгарон биноҳои Раёсати корҳои дохилӣ ва додситониву додгоҳи вилоятро оташ заданд.

Хоруғ, июли 2012
Хоруғ, июли 2012

Аз моҳи октябри соли 2018 дар қаламрави вилоят Ситоди байниидоравии таъмини суботу тартибот амал мекунад, ки баъд аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ҷиноӣ дар вилоят ташкил шуд. Он замон президент барои барқарор кардани тартибу интизом дар шаҳр як моҳ муҳлат дод ва ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки дар сурати зарурат барои мубориза бо пешвоҳои ғайрирасмӣ, ки ба гуфтаи вай, ба мақомоти минтақа имкони кор карданро намедиҳанд, аз қувваҳои мусаллаҳ истифода баранд.

Вале баъзе аз сокинон мегӯянд, фаъолияти сесолаи ситод ба нафаҳмиҳои марказу мардум натавонист нуқта бигузорад. Ҳамчунин ба гуфтаи онҳо мушкили аслии минтақа, ба монанди бекориву набудани сармоягузорон боқӣ монд. Мақомот, баръакс, аз беҳбудӣ ва ободкориҳо дар минтақа мегӯянд.

XS
SM
MD
LG