Пайвандҳои дастрасӣ

 
Зеварбону Рауфӣ. "Ҳеч куҷои дигар наметавонад хона-музейи Айнӣ бишавад"
Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ. "Ҳеч куҷои дигар наметавонад хона-музейи Айнӣ бишавад"


Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Ҳамеша мухотаби ман одамоне будаанд, ки бароям бениҳоят азизанд. Лек ин бор мухотабам фақат туӣ! Ҳарфи диламро дигар танҳо ту мефаҳмӣ. Дуруд эй Девор!

Деворҷон, шояд худат намедонӣ ва ҳатто ҳис ҳам намекунӣ, ки чӣ қадр арзишманд ҳастӣ! Оё медонӣ, ки аввалин саҳифаи таърихи башар худи туӣ!?

Инсон аз ҳамон замон, ки фаҳмид ба амният ниёзманд аст, туро кашф кард. Ту ҳам чӣ содиқона аз ғор то қаср ҳампои одамӣ омадӣ. Ту гоҳе барои инсон дафтари наққошӣ будӣ, гоҳе дафтари хотирот, гоҳе паноҳгоҳе аз хатарҳо ва гоҳе хатти марзе, ки даруни он метавон орамид.

Бибахш агар бо ҳарфҳоям каме гиҷат карда бошам. Бигзор бароят манзурамро равшан кунам. Як идда ҳастанд, ки ё намехоҳанд бифаҳманд ё амдан (барқасдона) худашонро ба нофаҳмӣ задаанд ва яке пас аз дигарӣ деворҳоро хароб мекунанд. Албатта, на ҳама бо ин вазъ розӣ ҳастанд, аммо дар ҳар ҳол гурӯҳе муддате садо баланд мекунанд, посухе намегиранд ва деворҳо ҳамчунон яке баъд аз дигарӣ фурӯ мерезанд.

Дақиқан ҳоло ҳам чанд азизе, дасташон дард накунад, шуниданд, ки "имкон дорад" хона-музейи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти нави тоҷик, хароб гардад ё ба ҷои дигаре "кӯчонида шавад", аз раиси шаҳр гирифта то раисҷумҳур, ба ҳар як аз дастандаркорони ин вазъ, муроҷиатномаву дархост навиштанд. Ҳанӯз ҳам менависанд! Вале хуб, ки чӣ? Магар ин кори навест?

Яъне қабл аз ин борҳо имтиҳон накарда будем? Чӣ ҳанчараҳо хаста шуданд аз бас гуфтанд "Душанберо ба ганд накашед!", "биноҳои таърихиро ҳифз кунед!"... ва садҳо ҷумлаи дигар.

Ҳеч кадомаш ҳам ба гӯши касе нарасид, ё шояд ҳам расид, лек барои онҳо аҳамият надошт, ки мардум чӣ мегӯянд ё чӣ мехоҳанд. Муҳим он аст, ки ончи онҳо мехоҳанд анҷом пазирад, ҳамин!

Пас, Деворҷон, маро бибахш, ки ба худам заҳмат намедиҳам барои касоне бинависам, ки аз ту низ картаранд. Ё дасти кам андозаи ту... Хуб, бигзарем!

Медонам Деворҷон, ту бисёр сабурӣ. Пас ин як дафъа биёву санги сабури ман бош! Бигзор бо ту каме дарди дил кунам. Мо пеши худамон мегӯем; башар мавҷуди оқилтарини рӯи замин аст, аммо ту, ки медонӣ одамон то чӣ андоза метавонанд аҳмақ бошанд ва чӣ қадр ҳамоқат ба бор оваранд. Масалан, ҳамоқати Искандар, вақте ба нобудии Тахти Ҷамшед тасмим гирифт ва онро ба оташ кашид.

Ин ҳама дар замини зилзилахез осмонхарош месозанд, ки чӣ? Ки рӯзе бар сари мардум хароб шавад? Оҳ, чӣ мегӯям боз. Ку гӯши шунаво?!

Бори нахуст, замоне аз Тахти Ҷамшед дидан кардам, ки 10-11 сол бештар надоштам. Шояд он деворҳо, он сангҳои бо зарофат тарошида шуда ва он пиллаконҳои фарсуда барои як даста курсинишини бетафовут ҳеч аҳамияте надошта бошад. Лек барои ман он вайрона азамату шукуҳе дошт, ки ҳеч гоҳ қабл аз он дар ҷое вонахӯрда будам.

Оре, Деворҷон, бо ту ҳам ҳамонҷо ошно шудам. Вақте аз канори Дарвозаи милал мегузаштам ва он сангҳои бузургу рӯи ҳам бо диққати тамом чидашударо ламс менамудам, ту будӣ, ки бо забони бесадоӣ бо ман аз гузаштаи таърихии миллатам ҳарф мезадӣ. Ҳарчанд Искандар кӯшида буд, барои ману одамони қаблу баъди ман аз он ҷоҳу ҷалоли таърихӣ нишоне намонад, боз ҳам ту по барҷо мондӣ, Деворҷон!

Деворҷон, боре дар китобе, ки аз зиндагии Ҳитлер ҳикоят мекард, хондам ӯ ҳам вақте Порисро тасхир кард, ба сараш зада буд онро харобазор кунад. Чун бар ин бовар буда, ки Берлин бояд зеботарин пойтахт дар Аврупо бошад. Вале бо ҳарфҳои "Ман Берлине месозам, ки сад Порис дар баробари он таъзим кунад" аз ин нақша мегузарад.

Деворҷон, ин мисолҳо аз аввалинҳое буданд, ки ба зеҳнам расиданд, вагарна ҳоло ҳам мисолҳои зинда кам нестанд. Магар "Толибон" дар кишвари ҳамсояамон камтар аз ғосибони аҷнабӣ, чун Чингизу Искандар, ба деворҳои таърихию фарҳангии мардуми Афғонистон зарар нарасондаанд?

Худамон чӣ Деворҷон? Дар Тоҷикистон шояд касоне ҳастанд, ки фикр мекунанд, бо нобуд кардани хотираҳо ва ёдбудҳои қаҳрамонон мешавад ба қаҳрамонии худ афзуд ё аз қаҳрамонии онон кост. Онҳо дарк намекунанд, ки хона-музейи устод Айнӣ онҷо побарҷост, чун ҳар ваҷабаш пур аз Устод Айнист.

Он макон, ки акнун дар иҳотаи осмонхарошҳо қарор гирифта, шояд дар нигоҳи як идда "шаҳрсозу шаҳрдор" бо фазо ҳамхонӣ надошта бошад. Лекин, агар чашми идроку хирад мебуд, ҳатман ҳар одами оқил мефаҳмид, хона-музейи Айниро намешавад ҷойи дигаре бурд.

Ба ҷои дигар кӯчондан бо ҳамон тахриб кардан, нобуд кардан ва кӯшише нобихрадона барои пок кардани ёдгоре аз Садриддин Айнӣ, қаҳрамони миллат ва асосгузори адабиёти нави тоҷик баробар аст. Ҳеч куҷои дигар дар ҳудуди Тоҷикистон хонаи шахсии Айнӣ нест, пас, ҳеч куҷои дигар наметавонад хона-музейи Айнӣ бишавад.

Ин ҳама дар замини зилзилахез осмонхарош месозанд, ки чӣ? Ки рӯзе бар сари мардум хароб шавад? Оҳ, чӣ мегӯям боз. КУ ГӮШИ ШУНАВО?!

Деворҷон, қисса кӯтоҳ, саратро ба дард наоварам. Гуфтаниям, ки ту зиндатар аз хелеҳо ҳофизи хотираҳову таърихи мо – одамонӣ. Сад ҳайф, ки аксари мо – одамҳо сокиту мурдатар аз деворем! АФСӮС АЗ ИН ДЕВОРҲО! АФСӮС АЗ ИН ДЕВОРҲО...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG