Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот сабаби тасмими вайрон кардани осорхонаи Айниро шарҳ доданд. ВИДЕО


Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Душанбе
Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Душанбе

Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфтааст, тасмими хароб кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ниҳоӣ нашудааст.

Пештар санадҳое дастраси Радиои Озодӣ шуданд, ки бар асоси он шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ин биноро вайрон карда, ашёи дохили онро ба ҷойи дигар бибарад. Чанде аз донишмандони тоҷик хоҳони ҳифзи ин ёдгорӣ шуданд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар вокуниш ба ин рӯзи 12-уми ноябр дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки “барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёди Хона-музейи наву замонавӣ, ҷавобгӯ ба талаботи муосир” ба Академияи илмҳо пешниҳод дода буд.

Дар ин посух гуфта мешавад, ки дар макони осорхона “бунёди ягон намуд бинову иншоот пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо оиди гӯё дар макони Хона-музей роҳандозӣ гардидани сохтмони меҳмонхона ё бинои таъиноти дигар, асоси воқеӣ надоранд.”

Дар посухи ҳукумати шаҳр далели пешниҳоди тахриби ин биноро сохтани “осорхонаи наву замонавӣ” дар ҷойи "муносиб" унвон кардаанд.

Посухе, ки зоҳиран аҳли илму адабро қонеъ накард ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ талаб доранд, ки хона-музейи Айнӣ дар ҳамон шакле ҳаст, боқӣ монад.

Аз ин пеш, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, Амирхон Қурбонзода, 13-уми сентябри имсол аз раиси Академияи миллии илмҳо хостааст, “ҷиҳати кӯчондан ва ҷойгир кардани осорхона... мусоидат намоед.”

Дар нома гуфта шудааст, ки осорхонаи Садриддин Айнӣ дар кӯчаи Саид Носирии пойтахт “дар масоҳати 0,20 гектар ҷойгир аст”.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бо Осорхонаи Айнӣ дар Душанбе чӣ кор мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00

Дар посух Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, навиштааст, “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”

Ҳоло маълум нест, ки мақомот сохтмони осорхонаи нави Айниро дар нақша доранд ё не.

Таърихнигор Ғафур Шерматов тахриб ё кӯчонидани осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти нави кишварро сахт танқид кард. Вай гуфт: “Далелашро “Генплан” мегӯянд. Ин мероси фарҳангиву таърихӣ аст. Магар имкон дорад, ки хона-музейи Ғафур Ғулом ва Чингиз Айтматовро дар Тошканду Бишкек вайрон кунанд?” – пурсид ӯ.

Шерматов афзуд, замоне дар Самарқанд ба хотири бозсозии майдони Регистон хостанд, хона-музейи Садриддин Айниро дар он шаҳр вайрон кунанд, аммо дар пайи эътирозҳои зиёиён аз ин кор даст кашиданд.

Садриддин Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай президенти нахустини Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.

Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули 5-сомонӣ ҷой гирифт.

XS
SM
MD
LG