Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои аврупоӣ дар як нишаст бори дигар Тоҷикистонро барои таъқиби мухолифони сиёсӣ, хабарнигорони мустақил ва ҳуқуқшиносон танқид карданд. Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона аз зиндониёни сиёсӣ дар кишвар гуфт ва хоҳони раҳоии даҳҳо маҳбус шуд. Мақомоти Тоҷикистон таъқибу боздошти афродро бо ангезаҳои сиёсӣ рад карданд.
Арзёбии гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар бораи риояи ҳуқуқи инсон рӯзи 4-уми ноябр ба таври онлайн баргузор шуд. Нишаст бештар аз се соат идома кард. Дар оғоз мақомоти тоҷик гузориши худро хонданд ва сипас пешниҳод ва талабу хостҳои намояндагони кишварҳои дигарро шуниданд.
Аз Тоҷикистон чӣ хостанд?
Намояндагони кишварҳои Аврупои ғарбӣ дар бораи мушкили риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сухан гуфтанд. Дар умум хости онҳо аз Тоҷикистон як буд – таъмини озодии баён, бас кардани маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъ ва даст бардоштан аз таъқиби мухолифин ва ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон. Яъне, риояи Конвенсияи ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон қабул кардааст.
Дар рӯйхати созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар имрӯз номи тақрибан дусад зиндоние сабт шудааст, ки баъзе аз онҳо дар сатҳи Созмони Милал маҳбуси сиёсӣ эътироф шудаанд. Дар он номи аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон низ ҳастанд.
"Мо пешниҳод мекунем, ки ёздаҳ тавсияи давраи қаблӣ дар бораи ҳуқуқ ба мурофиаи одилона, мустақилии додрасҳо (судяҳо) ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқшиносон амалӣ карда шавад", -- гуфт намояндаи Австралия, Женевиев Бернатски.
Вай гуфт, “ҳуқуқ ба озодии баён, ҷамъомадҳо ва озодии дину эътиқодро дастгирӣ кунед” ва ҳамзамон афзуд, Тоҷикистон ба нигоҳ доштани зиндониёни сиёсӣ хотима дода, ба фаъолияти озоди гурӯҳҳои осоиштаи мухолиф ва ҳизбҳои мустақил иҷоза бидиҳад.
Посухи Раҳимзода ва Рофизода
Аммо намояндагони Тоҷикистон ҳамчунон пофишорӣ доштанд, ки шахсоне, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар маҳбуси сиёсӣ медонанд, бо ҷиноят зиндонӣ шудаанд. Онҳо ҳамчунин таъқиби хабарнигорон ва вакилони мудофеъро дар Тоҷикистон комилан рад карданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Мирзоамон Рофизода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ҳатто изҳор доштанд, ки рӯзноманигорону ҳуқуқшиносон дар кишвар аз пуштибонии густардаи ҳукумат бархӯрдоранд.
Муовини додситони кул итминон дод, ки “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳуқуқшинос ва рӯзноманигор вобаста ба фаъолияти касбиаш боздошт ё маҳкум нашудааст”. "Ягон нафаре, ки пештар ба адвокатӣ машғул буд, барои фаъолиятҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ маҳкум нашудааст", - такрор кард вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Рамазон Раҳимзода афзуд, “дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти рӯзноманигорӣ озод аст. Ҳуқуқу озодиҳои рӯзноманигорон, озодии ақида ва гуногунандешӣ бар асоси бастаи бузурги санадҳои байнулмилалӣ ва миллӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон қабул шудаанд, таъмин ва ҳифз шудаанд.”
Изҳороти вазир дар бораи матбуот қаблан аз ҷониби худи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон борҳо рад шуда буд. Онҳо ҳамвора аз сензура, таъқиб ва фишор шикоят мекунанд.
Таҳрим ба зидди мансабдорон - роҳи ҳал?
Ҷониби Тоҷикистон ҳамагуна тавсияҳои танқидии кишварҳои дигарро рад кард. Мақомот бар хилофи садҳо гузориши созмонҳои ҳуқуқи башари байнулмилалӣ гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ҳеч мушкиле дар заминаи озодии эътиқод, дастрасӣ ба иттилоъ ва Интернет ва фаъолияти мухолифон вуҷуд надорад.
Муҳаммадҷон Кабиров, мудири Бунёди ҳамгироии байнифарҳангӣ дар Варшава, мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон талаби ҷомеаи байнулмилалиро танҳо дар сурате иҷро хоҳад кард, ки барои риоя накардани он таҳрим ҷорӣ шавад.
“Таҳримҳо метавонанд, иқтисодӣ ва ё шахсӣ бошанд. Масалан, нисбат ба раҳбарони сохторҳои қудратӣ, ба монанди додситони кул. Албатта, пас аз исботи ширкати бевоситаи онҳо дар нақзи ҳуқуқи инсон. Солҳои охир мо шоҳидем, ки ин усул дар тамоми ҷаҳон амалӣ мешавад. Аммо, мутаассифона, Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар робита ба Тоҷикистон ин корро намекунанд", -- гуфт ӯ дар суҳбат бо телевизиони "Настояшее Время".
Дар оғози моҳи ноябри имсол созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch низ аз Созмони Милал хост, ба вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳад. Аммо бо назардошти посухҳои мақомоти баландпояи тоҷик маълум мешавад, ки эҳтимол дар ояндаи наздик чизе тағйир нахоҳад ёфт.