Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ором бошед". Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад? ВИДЕО


Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Русия

Бархе аз коршиносони тоҷик изҳороти ахири Вазорати корҳои хориҷии Русияро барои ҳалли мусолиҳатомези ихтилоф миёни мақомоти тоҷик ва ҷунбиши Толибон “иғвоангез” номиданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Русия тавассути чунин изҳорот нақши калидии худ дар минтақаро ба намоиш гузоштааст. Вале дар ҳар сурати коршиносон таъкид мекунанд, ки паёми Маскав ба Душанбе бе ҳадаф нест.

Алексей Зайтсев, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия, рӯзи 30-юми сентябр гуфт, Маскав аз афзоиши таниш байни Тоҷикистон ва "Толибон" нигарон аст. Ӯ ба овардани неруҳо аз ҳарду тараф ба марз таъкид карда гуфт, “даъват мекунем, ки Душанбе ва Кобул роҳҳои барои ҳарду ҷониб муносиби ҳалли авзоъро ёбанд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Даъвати Русия аз Тоҷикистон ва "Толибон" чӣ паёмҳо дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Изҳороти Русия ғайриинтизор буд?

Вокунишҳо ба даъвати Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Душанбе гуногунанд. Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ чунин изҳороти ҷониби Русия ғайримунтазира мехонад. Чун ба гуфтаи ин таҳлилгар, ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Толибон ба ҳадде нест, ки боиси чунин изҳороти ҷониби Русия гардад ва ба ин далел, коршинос онро як амри “иғвогарона” унвон кард.

Қосими Бекмуҳаммад
Қосими Бекмуҳаммад

“Русия бар ин назар аст, ки эҷоди ҳар гуна мамоният дар роҳи ба расмият шинохта шудани Толибон метавонад боиси фаъол гаштани талошҳои Амрико дар минтақа шавад. Як навъ рақобати геополитикии кишварҳои ғарбӣ ва Амрико мушоҳида мешавад ва Русия мехоҳад аз ин фурсат ба фоидаи худ ҳарчӣ бештар баҳра ба даст орад,”-афзуд таҳлилгар.

Вале ба фарқ аз ҳарфи Қосими Бекмуҳаммад, ки изҳороти мақомоти Русияро “ғайриинтизор” медонад, бархе таҳлилгарон назари дигар доранд.

Аз ҷумла Шералӣ Ризоиён, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, чунин изҳори назари мақомоти Русия пешбинишаванда буд. Зеро ба гуфтаи Ризоиён, Вазорати корҳои хориҷии Русия чанд моҳи ахир ба чунин мавзеъгириаш пойбанд мебошад.

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

“Мешавад изҳоротҳои Замир Кобулов, намояндаи вижаи ВКХ Русия дар масоили Афғонистонро ба ёд овард. Ин изҳоротҳо пайёмҳои пӯшида низ дар зер доранд. Аммо, мавқеъгирии ҳукумати Тоҷикистон дар муқобили қазияи Афғонистон тӯли 25 соли ахир дуруст буд ва амалкарди Толибон ҳатто дар кӯтоҳмуддат ба ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ пайёмадҳои номатлуб дорад. Зеро имкон надорад, созмони террористие, ки дар ҳамаи феҳрастҳои ҷаҳонӣ зери аломати мамнӯъ қарор дорад, дар як муддати кӯтоҳ аз амалкарди худ даст кашида бошад,”-афзуд Шералӣ Ризоиён.

Маскав омодаи миёнаравӣ аст?

Гуруҳи Толибон, ки якуним моҳ пеш назорат ба аксар қаламравҳои Афғонистонро зери даст гирифт, даъво дорад, ки тағйир карда, бо ҳама кишварҳо ҳамкории нек ба роҳ мемонад. Вале нобовариҳо ба гуфтаҳои роҳбарони ин гуруҳ то ҳол зиёд аст ва ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Бахусус ҳукумати Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои минтақа аз ҳама бештар аз Толибон интиқод мекунад. Бо ишора ба ин, бархе таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, паёми Русия дар бораи ҳалли мушкили Тоҷикистон ва Толибон аз роҳи гуфтугӯ метавонад пайомадҳое дошта бошад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки Русия ҳеч як амали беҳадафона анҷом намедиҳад ва ин паём бозгӯи омодагии Маскав барои миёнравӣ дар байни Тоҷикистон ва Толибон мебошад.

Ба таъкиди Қодиров, “Русия ҳамеша ба тавре амал мекунад, ки зӯр ҷониби кист. Дар ҳоле, ки Толибон аксарият паштун ҳастанд ва Афғонистонро зери тасарруф даровардаанд, Русия дигар наметавонад ба пуррагӣ аз мухолифони онҳо, яъне Ҷабҳаи муқовимат ҷонибдорӣ кунад. Ин дигар ба манфиати Русия ва ҳамсояҳои дигари Афғонистон нест.”

Тоҷикистон чанд рӯзи ахир дар вилояти Бадахшон чанд гузашти низомӣ баргузор кард
Тоҷикистон чанд рӯзи ахир дар вилояти Бадахшон чанд гузашти низомӣ баргузор кард

Баъд аз вориди Кобул ворид шудани Толибон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки агар ҳукумати Афғонистон ба шакли ҳамагир, яъне ҷойгоҳи арзандаи тоҷикон, ки 46 дарсади аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис нашавад, Душанбе чунин ҳукуматро эътироф нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG