Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зану шавҳар дар робита ба "қазияи Мадина" боздошт шудаанд


Мадина Мамадҷонова ва Лутфулло Давлятов
Мадина Мамадҷонова ва Лутфулло Давлятов

Баъд аз вокуниши тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи беҷазо мондани омилони латукуби як зани ҷавон, Додситонии Душанбе ду нафарро боздошт кардааст. Шаҳрдори Душанбе хабар дод, ки рӯзи 1-уми ноябр дар ҷаласаи вижае дар ҳузури Рустами Эмомалӣ, қазияи Мадина Муҳаммаммадҷонова баррасӣ шудааст.

Додситони шаҳри Душанбе дар ин ҷаласа гуфт, дар робита ба шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова ду нафарро боздошт кардаанд. Инҳо Азиза Давлятова ва Лутфулло Давлятов мебошанд. Ба гуфтаи додситонӣ, онҳо ҳоло дар боздошт ҳастанд. Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфуллло Давлатов будааст. Ба гуфтаи бархе ҳамкоронаш, Лутфулло номи аслии Парвиз Давлатов мебошад. Ҳанӯз дақиқ нест, ки алайҳи Азиза ва Лутфулло Давлатовҳо бар асоси кадом банди Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст.

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин ду нафар дар пайи талаби густурдаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мегирад. Фаъолон ҳафтаи гузашта бо як муроҷиати дастаҷамъона аз Рустами Эмомалӣ хостанд ба қазияи латукуби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор расидагӣ кунад. Фаъолони ҳуқуқи занон аз он нигаронанд, ки зани гумонбар афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Дар вокуниши раиси шаҳри Душанбе ҳам, ки рӯзи 30 октябр пахш шуд, ин нукта тасдиқ шудааст, ки омилони азияти Мадина Муҳаммадҷонова бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Асли қазияе ки нигаронии ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овардааст, моҳи август рух дод. Ба гуфтаи фаъолон, Азиза ҳамсари Лутфулло Давлатов охири моҳи август Мадина, ҳамкори шавҳарашро дар заминаи рашк бераҳмона азияту шиканҷа кардааст. Назари Азиза Давлатова ва вакили дифоаш феълан ба ин қазия маълум нест. Худи ҷабрдида Мадина Муҳаммадҷонова то ҳанӯз дар ҳолати вазнин дар беморхона будааст ва духтурон гуфтаанд, эҳтимоли наҷот ёфтанаш кам аст.

Ҳодисаи латукӯби бераҳмонаи зани ҷавон, дар чанд рӯзи ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда, мавзӯи муҳокима ва муҷозоти худсаронаро доғ намуд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, азбаски пулис, додситонӣ ва мақомоти дигар вазифаи худро ба таври муносиб иҷро намекунанд, ҷабрдидагон ва додхоҳон маҷбур мешаванд дар чунин ҳолатҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони ӯ муроҷиат кунанд. Дар бархе аз мавридҳо ин натиҷа медиҳад, аммо дар аксари мавридҳо бе натиҷаи ҷиддӣ ва ҳамчун таблиғи ин мансабдорон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG