Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ ба қазияи Мадина дахолат кард


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолон ба таҳқиқи одилонаи қазияи Мадина даъват карданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолон ба таҳқиқи одилонаи қазияи Мадина даъват карданд.

Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон хоҳони таҳқиқи латукӯби як зани ҷавон дар шаҳри Душанбе шудааст.

Рустами Эмомалӣ 30-юми октябр ба Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилӣ дастур додааст, ки ҳодисаро аз нав ва ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд.

Вокуниши шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ дар ҳоле садо дод, ки гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ барои расидагӣ ба қазияи латукӯби бераҳмонаи Мадина ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахси гунаҳкор муроҷиат карданд.

Ба гуфтаи онҳо охири моҳи август Мадина аз сӯйи ҳамсари марди ҳамкораш, ки ӯро бо шавҳараш рашк кардааст, бераҳмона азияту шиканҷа шудааст. Ҷабрдида то ҳанӯз дар ҳолати вазнин дар беморхона будааст ва духтурон гуфтаанд, эҳтимоли наҷот ёфтанаш кам аст.

Фаъолони ҳуқуқи занон аз он нигаронанд, ки зани гумонбар афв ва аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Гуфта мешавад, бо вуҷуди огоҳии мақомот ва шикоятҳои волидони ҷабрдида, то ҳанӯз зидди шахси гумонбар парванда боз нашуда буд. Бархе аз манобеи огоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, гумонбаршудагон аз хонаводаи бонуфузанд.

Дар вокуниши Раиси шаҳри Душанбе ба муроҷиати фаъолон гуфта шудааст, ки таҳқиқи ин қазия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба анҷом расида буд ва “бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст.”

Ҳодисаи латукӯби бераҳмонаи зани ҷавон, дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда, мавзӯи муҳокима ва муҷозоти худсаронаро доғ намудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, азбаски пулис, додситонӣ ва мақомоти дигар вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд, ҷабрдидагон ва додхоҳон маҷбур мешаванд дар чунин ҳолатҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони ӯ муроҷиат кунанд. Дар бархе аз мавридҳо ин натиҷа медиҳад, аммо дар аксари мавридҳо бе натиҷаи ҷиддӣ ва ҳамчун таблиғи ин мансабдорон ба поён мерасад.

XS
SM
MD
LG