Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ. Мухолифи ҷасур ва ҳукумати оҷиз


Акси Борис Немтсов дар дасти роҳпаймоён. 29-уми феврали 2020
Акси Борис Немтсов дар дасти роҳпаймоён. 29-уми феврали 2020

Зеварбону Рауфӣ,

рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳан!

Шояд ту ҳам таваҷҷуҳ карда бошӣ, ки пас аз қатли Борис Немтсов дар 27-уми феврали соли 2015 ва ба хок супурда шудани ӯ, ҳар сол расонаҳо дар ба ёдбуди ин шахсияти сиёсӣ, ки бештар ҳамчун як мухолиф мешинохтанд, матлабҳои гуногун нашр мекунанд.

Албатта, расонаҳо ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи зиёде дода ва дар фазои маҷозӣ он қадар дар бораи қатли ӯ ва фаъолиятҳои сиёсиаш навиштаанд, ки эҳсос мекунам ниёзе ба такроргӯии ман набошад.

Ҳатман ҳоло мепурсӣ, ба чӣ хотир ҳарфро дар ин бора оғоз кардам?

Ин рӯзҳо бештар мавзӯи муносибати ҳукумат ва мухолифат зеҳнамро ба худ машғул доштааст. Бахусус дар мисоли кишварҳои Шӯравии собиқ бархӯрди раҳбарони ҳукумати худкома нисбат ба мухолифонашон мавзӯи доғи рӯз мондааст.

Агар ёдат бошад дақиқан панҷ сол пеш иттифоқи ба ин монанд дар Туркия бо яке аз мухолифони тоҷик Умаралӣ Қувватов рух дод. Гуфта мешавад, Борис Немтсовро вақте шомгоҳ дар канори пули бузурги рӯди Маскав бо зарбаи панҷ тир ба қатл расонданд. Қувватовро бо аъзои хонаводааш дар як меҳмонӣ заҳролуд мекунанд ва вақте онҳо дар ҳолати ногувори ҷисмонӣ аз “меҳмонӣ” берун меоянд, қотил ба сари ӯ тир мезанад.

Умаралӣ Қувватов. Акс аз рӯзномаҳои туркӣ
Умаралӣ Қувватов. Акс аз рӯзномаҳои туркӣ

Туро намедонам, аммо ин ду иттифоқ маро ба андешидан водор мекунад. Вақте дар ҷустуҷӯи пурсишҳоям ба китобҳои таъриху сиёсат саре задам, хеле аз сиёсатшиносону таърихдонон бар ин бовар буданд:

"Он гоҳ, ки шахсиятҳои нотавону заиф, аммо бо уқдаҳои бузург ба даврон мерасанд, ҳамвора талош мекунанд барои бузург ҷилва додани шахсияташон ва исботи тавоно буданашон дар баробари мухолифонашон аввалин иқдоми чорасозе, ки пайдо мекунанд, тавассул ба зӯргӯӣ ва қатлу куштор хоҳад буд. Чун ин як вижагии хоси худкомаҳои уқдаист. Худкомаҳо дар аксари мавридҳо талош мекунанд, уқдаҳои худро бо тавассул ба ҷиноят ва ҷинояткорон ҷуброн кунанд".

Ҳаммеҳанам, мо одамҳо дар тӯли зиндагиямон бо марг борҳо рӯ ба рӯ мешавем. Марги аъзои хонаводаамон, дӯстону ошноёнамон. Аммо маргҳои табиӣ одатан бо гузашти замон, роҳаттар аз зеҳнамон зудуда мешаванд ва ҳатто агар ба пурра пок нашаванд ҳам, дардаш то ҳадде таскин ва хотирааш камранг хоҳад шуд.

Лек вақте инсон бо марге рӯбарӯ мешавад, ки тавассути омилҳои ғайритабиӣ ва ба зӯри фард ё афроди муайяне сурат гирифта, ҳатто агар бихоҳем ҳам хотираи он аз зеҳнамон ҳаргиз зудуда намешавад.

Агар дар бораи марги чеҳраҳои матраҳе мисли Борис Немтсов ё Умаралӣ Қувватов бигӯем, дар китобҳои таъриху сиёсат навиштаанд, ки одатан асрори қатли онҳо ва чеҳраи қотилон зуд бармало намешавад. Ҳамин ҳоло дар бораи ин ду куштор чандин фарзияи зиддиҳам садо медиҳанд ва шояд иҷрокунандагонро боздошту муҷозот кардаанд, аммо фармоишгарон паси парда мондаанд. Худи мақоомт низ мегуянд, чун қазия рушан нест, таҳқиқи он идома дорад.

Вале агар ҳатто агар рушание ҳам шавад ва сари нахҳое пайдо гарданд ҳам, гуон аст ҳақиқати воқеа ба зудиҳо ошкор гардад. Аммо гузари замон ва хотироти таърихӣ исбот кардаанд, ки лаккаи нанги ин тавр ҳодисаҳо барои ҳамеша бар пешонии ҳукуматҳои худкома ё афроди қудратманд хоҳад монд.

Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Инсон бо нуқсу камолаш инсон аст. Яъне мутлақан хуб ё комилан бад намешавад. Ҳеч инсоне орӣ аз гунаҳ буда наметавонад. Ҳақиқати мутлақе нест. Пас табиист, ки ҳамеша мухолифати назарҳо дар миёни мардум вуҷуд доштаву дорад. Аммо мо одамҳо ҳастем, ки интихоб мекунем заиф бошему якдигаркушӣ кунем, ё тавонотар аз он бошему ба ҳарфи якдигар гӯш диҳем.

Чунин андешаҳо имрӯз ба зеҳнам меоянд. Шояд дурустанд ва шояд нодуруст. Ту, ҳаммеҳан, чӣ мегуӣ?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG