Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеварбону Рауфӣ: Кеши "хаппу дам гард, "проблема" чӣ лозим?"


Зеварбону Рауфӣ
Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд, ҳаммеҳани азиз!

Умед дорам, ба хотир дошта бошӣ, ки чанде пеш ваъда дода будам, дар бораи кеше ба номи "хап кун!" бароят бинависам. Росташро бихоҳӣ хеле зудтар мехостам дар ин бора нависам, аммо фурсати муносибе пеш намеомад.

Имшаб дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори суҳбати як ҳаммеҳанамонро дидам, ки аз мушкили зиёд "ба танг омадааст". Дар навори ҳудудан 15-дақиқаӣ, хеле аз мушкилоти мардумро ба монанди бекорӣ, маоши кам, маҳалгароӣ, ҷаримаҳои ҳангуфт ва камтаваҷҷуҳии мақомотро барои пайдо кардани роҳиҳалҳои самаровар дар ин росто баён кардааст.

Ин ҷумлаҳои ҳаммеҳанамон "Наход дар ҳудуди Тоҷикистон мардум як даҳон ҳарф зада натавонанд?", "Касе, ки ҳуқуқи худро медонад, бояд ҳаққашро талаб кунад" ва шарҳҳои зиёд зери ин навор маро ба ёди кеши "хап кун!" андохт.

Солҳост, дар сарзамини мо ин кеш мисли алафи ҳарзае, печаки худрӯе, ки кофист як танаи беҷонашро дасти кам бигирӣ то дар муддати кӯтоҳе тамоми сатҳи хонаву даратро зери бозувонаш бипӯшонад, реша давонида.

Тухми онро кӣ ва кай дар сарзамини мо пошидааст? Дар аввал фикр мекардам, шояд ин ҳамон тарси баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бошад, ки дар вуҷуди аҳолӣ ҳануз фурӯкаш нашудааст. Аммо бо гузашти замон ҳар чи бештар ба гузаштаи таърихии дасти кам сад соли ахир нигоҳ мекардам, медидам ин кеш мешавад гуфт ба гунае дар DNA (ДНК)-и мардуми тоҷик ҷо гирифтааст.

Ниёкони мо дар баробари зулми амирони манғит ба кеши “хап кун” гаравиданду падарбузургҳоямон дар баробари истибдоди Русияи подшоҳӣ ва падаронамон зери бори фишори Шӯравӣ, баъд аз ҷанги дохилӣ ҳам, ки вазъ чӣ гуна буд, рӯшантар аз он аст, ки чизе бихоҳам илова кунам.

Тамоми ин солҳо, ки беш аз сад сол аст кеши “хап кун” густариш меёфту ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз дар ҳоли тавсеа аст. Вале бархилофи дигар динҳо, ки барои растагорӣ ва осоиши ҷисму рӯҳи инсонҳо падид омадаанд, кеши “хап кун” ба мардуми мо чизе ба ҷуз ҳақорату таҳқир наовард.

Ҳар чи тоҷик дар тӯли таърих сукут кард, ҳамон қадр бештар дар пастиву хорӣ фурӯ рафт. Тоҷик хаташро аз даст дод, қадимитарину овозадортарин шаҳрҳояшро аз даст дод, даштҳову заминҳои хуррамашро аз даст дод ва рӯйхати ин аз дастрафтаҳоро мешавад навишту навишт. Лекин чӣ фоидае хоҳад дошт? Ҳасрати гузаштае, ки чизеро тағйир нахоҳад дод. Шояд бипурсӣ, пас, мақсад аз ёдоварии ҳодисаҳои ҳузнангези гузашта дар чӣ буд?

Гуфтам, зеро мехоҳам ба хотир дошта бошем, то замоне ки мисли сангпуштон дар зери ба истилоҳ "бом"-и "тарс", "сабр", "дурандешӣ", "зиракии сиёсӣ" ва садҳо баҳонаҳои дигар пинҳон шавем, туъмаи шикорчиён хоҳем гашт. Оё надидаед, чӣ гуна уқобҳову каркасҳо сангпуштонро ба баландтарин нуқтаи мумкин мебаранду аз онҷо туъмаашонро раҳо мекунанд. Локи амне, ки гумон мерафт муҳофизи бемислест, тикаву пора мешавад. Мурғи шикорчӣ шикорашро фурӯ мебарад ва ба зиндагияш идома медиҳад, то замоне ки дубора гурусна шавад.

Азизи дилам, ин ҳарфҳоро танҳо ба он далел мегӯям, ки дер нашавад. Пеш аз он ки ҳама олудаи ин кеш шаванд, бояд бияндешем. Чаро кӯдаке, ки аз мушкилоти мактабаш ҳарф мезанад, бояд аз волидону омӯзгоронаш посухи "хап кун!" бишнавад? Танҳо ба ин далел, ки мабодо барояш дарди сар нашавад.

Чаро донишҷӯе, ки аз ришвахорӣ, зургӯӣ ё ҳар мушкили дигаре, ки дар донишкадааш вуҷуд дорад, сухан ба миён орад, самташ ҳамла мекунанд, ки "хап кун"? Ё чаро вақте корманде аз каму костиҳои фаъолияти идорааш ҳарфе бизанад, зуд ангуштҳои ишора ба самти лабҳо мераванд, ки бигӯянд "хап кун!"?

Ба ҷои ҳалли он мушкилот ҳама ба гардани он касе, ки даҳан боз карда мечаспанд, то "гунаҳкор"-ро ба ҷазои амалаш бирасонанд. Чаро, агар шаҳрванде садо баланд кунад, мушкилоти маҳаллаи зисташ, ноҳияаш ё ҳар гӯшаи дигари сарзаминашро бо аҳолӣ дар миён бигзорад, сару каллаи зургӯёни мақомотӣ зуд пайдо мешавад, ки бигӯянд “хап кун!”?

Чаро вақте рӯзноманигор расолати касбияшро иҷро мекунад, бояд таҳти фишор қарор бигирад ва иҷборӣ ба ин кеш бипайвандад?

Шак надорам, ҳадди ақал яке ду бор дар умрат шунидаӣ: “Хаппу дам гард, чӣ лозим барои худат “проблема” кардан?” Ва барои аксарият ин ҷумла кофист, то ба кеши хап кун “имон” биёваранду ба он бипайванданд. Лек ин формулаи содаро фаромуш мекунем, ки ҳар қадар дар баробари беадолатӣ, зулм ва истибдод сукут кард, ҳамон андоза шиддати он афзоиш хоҳад ёфт.

Исботи ин назарро Марина Абрамович дар санҷиш ё озмоиши "ритми сифр" рӯшан собит кардааст. Хулосаи кӯтоҳи санҷиш он аст, ки ин бону ба муддати шаш соат дар як намоишгоҳ бе хурдтарин ҳаракат ё вокунише меистад ва боздидкунандагон метавонанд бо истифода аз 72 васила, ки рӯи мизе қарор дода шуда, ҳар коре бихоҳанд бо ин бону бикунанд.

Байни он васоил ҳатто тапончаву тир ва корд буд. Ҳар чи қадар замони бештаре мегузарад, ҳамон қадар мазлумии ин зан боздидкунандагонро ваҳшиву золим мекард. Намехоҳам бигӯям, чи балоҳое ба сари ӯ оварданд, чун худатон метавонед аз интернет навору аксҳои ин озмоишро дастрас кунед.

Он чӣ ҳоло мехоҳам бидонед, ин аст, ки вақте замони санҷиш ба охир расид ва бону Марина дубора ба ҳаракат кардан шуруъ кард, ҳамаи боздидкунандагон по ба фирор гузоштанд. Ӯ ҳанӯз ҳеч аксуламале ба он ҳама бадие, ки дар ҳаққаш карданд, нишон надода буд, вале ҳамин ҳаракатҳои сода, ки зинда буданашро, одам буданашро исбот мекарданд, ҳозиринро ба тарс андохт.

Ҳаммеҳани азизам, дилам мехоҳад рӯзе бирасад, ҳамаи онҳое, ки ба кеши “хап кун” гаравидаанд, сарҳояшонро аз локҳо бурун кунанд. Эй кош, рӯзе бирасад, ки ҳар шаҳрванди кишварамон битавонад озодона фикру назарашро нисбат ба ҳар мавзӯе, ки зарур медонад, бигӯяд.

Бе тарси он ки рӯяш фишор хоҳанд овард, барояш дардисаре хоҳанд сохт. Ё сели туҳмату буҳтонро ба сараш хоҳанд рехт. Кош, рӯзе бирасад, ки бифаҳмем ин ватан мутааллиқ ба шахсе ё гурӯҳе нест. Тоҷикистон Меҳани ҳар яки мост! Пас, ҳама ҳақ дорем, дар раванди ҳаёти ӯ ва ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунанд, саҳмгузор бошем.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG