Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манижа Сангин дар бораи ҷоизаи UNHCR ба ҳомии паноҳҷӯёни яманӣ гуфт


Амин Ҷабил (дар марказ) дар як қароргоҳи паноҳҷӯёни канори Яман бо яке аз мардони беҷошуда сӯҳбат мекунад. Акс аз ©UNHCR/Abdulhakeem Obadi - https://www.unhcr.org/
Амин Ҷабил (дар марказ) дар як қароргоҳи паноҳҷӯёни канори Яман бо яке аз мардони беҷошуда сӯҳбат мекунад. Акс аз ©UNHCR/Abdulhakeem Obadi - https://www.unhcr.org/

Соли 2021 Анҷумани рушди башарии “Ҷиил Албена” ва муассиси он Амин Ҷуброн барандаи ҷоизаи ба номи Нансени Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) гардиданд. Манижа Сангин, сафири ҳусни нияти UNHCR аст, ки дар маросими тақдими ин ҷоиза иштирок кардааст. Созмони “Ҷиил Албена” барои наҷоти ҷони даҳҳо ҳазор нафар қадрдонӣ шуд, ки дар паи ҷангу хунрезиҳо дар Яман маҷбур хонаву кишвари худро тарк кардаанд. Манижа Сангин, сафири ҳусни нияти UNHCR ахиран дар сӯҳбат бо вебсайти https://www.forbes.ru гуфт, “ҷоиза ба созмони башарии “Ҷиил Албена” дода шуд ва ҳадафаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба мардуми беҷошуда дар паи ҷанги Яман ва кишваре аст, ки бо бӯҳрони бисёр ҷиддии башарӣ рӯбарӯ шудааст. Чор миллион сокин Яман бехонаву дар шуда, ба кӯмаку ҳимоят ниёз доранд”.

Манижа Сангин гуфтааст, худи Амин Ҷуброн як паноҳҷӯи собиқ будааст ва баъди маҳрумиятҳои дидааш қарор намуд худ ба ёрии паноҳҷӯён шитобад.

Манижа Сангин, ки овозхони зодаи Тоҷикистони муқими Русия аст, ҳамчунин ба унвони як муҳоҷири собиқ аз ҷониби UNHCR соли 2020 барои иҷрои мақоми ифтихории сафири ҳусни ният интихоб шуд.

XS
SM
MD
LG