Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Брешно" гуфт, ки чӣ гуна қарзашро ба Тоҷикистону кишварҳои дигар мепардозад


Мутахассисони ширкати "Брешно"
Мутахассисони ширкати "Брешно"

"Брешно", ширкати тақсими барқ дар Афғонистон, мегӯяд, амволи қарздорони худро ба фурӯш хоҳад гузошт. Дар ин маврид Сафиаллоҳ Аҳмадзай, як масъули ширкати "Брешно" ба расонаҳо иттилоъ дод. Вай гуфт, ширкат аз кишварҳои содиркунандаи барқ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, 62 миллион доллар қарздор аст.

"Тасмим гирифта шуд, барои пардохти он амволи касонеро, ки аз ширкат қарзҳои бузург доранд, бифурӯшем", -- афзуд ӯ. Интизор меравад, ин пешниҳод ба ҳукумати "Толибон" ироа шавад.

Бар асоси маълумоти ширкати "Брешно" мардум миллионҳо доллар аз ин ширкат қарздор ҳастанд.

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 5-уми октябр гуфтанд, ки ширкати "Брешно"-и Афғонистон ваъда додааст, қарзашро "баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ" дар он кишвар мепардозад.

Гуруҳи “Толибон” дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар гузашта ва ҳоло интиқоли нерӯи барқи кишвар ба Афғонистон бас нашудааст.

XS
SM
MD
LG