Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Афғонистон барқ мефурӯшад, пулашро кай мегирад?


Масъулони "Барқи тоҷик" гуфтанд, ширкати "Брешно"-и Афғонистон ваъда додааст, ки қарзашро "баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ" дар он кишвар мепардозад. Гуруҳи “Толибон” дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Мақомот мегӯянд, дар гузашта ва ҳоло интиқоли нерӯи барқи кишвар ба Афғонистон бас нашудааст.

Як намояндаи дафтари матбуоти "Барқи тоҷик" рӯзи 5-уми октябр гуфт, умедворанд, ки ҷониби Афғонистон пули барқро медиҳад. Аммо ҳамсуҳбати мо нагуфт, ки ширкати "Брешно" чӣ қадар қарздор аст.

Дар пайи суқути ҳукумати Афғонистон ба дасти "Толибон", дар масъалаи пардохти қарзи нерӯи барқи Тоҷикистон мушкил пеш омадааст.

Мусоҳиби мо мо дар "Барқи тоҷик" гуфт, бо ширкати "Брешно"дар хусуси интиқолу пардохти маблағ шартнома доранд ва “вобаста ба эҳтиром ва риояи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, имрӯзҳо ҳар шабонарӯз ба Афғонистон, дар доираи талаботи истифодабарӣ, ба миқдори то 30 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад".

Ба иттилои манбаъ, интиқоли барқ ба ин кишвар бар асоси қарордодҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ сурат мегирад.

"Дар навбати худ роҳбарияти ширкати "Брешно"-и Афғонистон низ моро мутақоид намудааст, ки ҳаққи барқро баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ дар ин кишвар пурра пардохт хоҳад намуд. Дар бозори электроэнергетикии сатҳи байналмиллалӣ ин ширкати маъруф аст ва мо бовар дорем, вазифаҳои худро иҷро мекунад", -- афзуд манбаъ.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали ширкати "Барқи тоҷик", рӯзи 29-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали имсол ба Афғонистон 457,9 миллион киловат соат барқ додаанд.

Ширкати "Барқи тоҷик" барқро асосан ба ширкати "Брешно"-и Афғонистон мефурӯшад. Нархи як киловат барқ барои Афғонистон 4,5 сент будааст.

XS
SM
MD
LG