Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба Қирғизистон оғоз кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қирғизистон ба далели поин будани сатҳи об дар обанбори Токтогул ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон оғоз кардааст.

Доскул Бекмурзоев, вазири энергетика ва саноати Қирғизистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, интиқоли барқ аз Тоҷикистон 30-юми сентябри имсол оғоз шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

"Ҳамкорони тоҷики мо муроҷиат карда, нерӯи барқи худро пешниҳод карданд. Интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷанубӣ оғоз шуд. Дар як шабонарӯз як миллион киловат соат нерӯи барқ мегирем. Дар як моҳ аз 30 то 50 миллион киловат соат нерӯи барқ гирифтан мумкин аст", -- шарҳ додааст ӯ дар нишасти хабарӣ.

Сухани вазири энергетикаи Қирғизистон дар бораи Тоҷикистон дар дақиқаи 26-уми навор аст:

Бекмурзоев дар нишасти матбуотии 1-уми октябр гуфт, сухан дар бораи харидани нерӯи барқ меравад, вале аз ифшои арзиши он худдорӣ кард. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол нагуфтааст, ки ба Қирғизистон чӣ миқдор нерӯи барқ медиҳад ва бо чӣ нарх.

Ҳамзамон Қирғизистон аз Қазоқистону Узбекистон ва Туркманистон нерӯи барқ мегирад. Муовини аввали раиси Девони вазирони Қирғизистон, Азиз Алиев, мегӯяд, Бишкек бо Русия низ дар бораи воридоти нерӯи барқ музокира дорад. Гап дар бораи таъмини 2-3 миллиард киловат соат нерӯи барқ меравад.

Қирғизистон ҳамасола тақрибан 15 миллиард киловат соат нерӯи барқ сарф мекунад.

Сардори Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марипов, ҳушдор дод, ки бидуни воридоти барқ ҳаҷми оби обанбори Токтогул ба "сатҳи бӯҳронӣ" мерасад. "Ҳадафи мо бо ворид кардани нерӯи барқ нигоҳ доштани ҳаҷми об аст", -- афзуд ӯ.

То 1-уми октябр дар обанбори Токтогули Қирғизистон назар ба соли гузашта 3 миллиард метри мукааб камтар об ҷамъ шудааст.

Тоҷикистон дар гузашта ба Қирғизистон барқ фурӯхтааст, вале соли гузашта барқро асосан ба Афғонистону Узбекистон додааст.

Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳолест, ки ду кишвар ним сол боз муносибати сард доранд. Душанбеву Бишкек якдигарро ба сар задани муноқишае дар марз гунаҳкор медонанд, ки аз ду тараф даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.

XS
SM
MD
LG