Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар номае аз мақомоти Қирғизистон хостори азсаргирии ҳамкориҳо шудааанд, аммо то ҳол посухи ин муроҷиатро дарёфт накардаанд. Баъди як низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон поёни апрели имсол, ки дааҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд, равобити миён ду ҳамсояи наздик бад шудааст. Қирғизистон чор моҳ ба ин тараф сарҳад бо Тоҷикистонро баста, парвози ҳавопаймоҳоро манъ кардааст ва ба донишҷӯёни тоҷик иҷозаи ворид шудан ба Бишкекро намедиҳад. Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 27-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар заминаи дубора оддӣ кардани робитаҳои миёни ду кишвар "кӯшишҳое анҷом дода мешавад", вале ҷузъиёти онро фош накарданд. Инчунин, мақомоти ин кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи ҷорӣ ба ҳабси абад маҳкум карда, се шаҳрванди тоҷиктабори Қирғизистонро то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Тибқи гузоришҳо аз 26-уми сентябр Хадамоти марзбонии Қирғизистон нерӯҳояшро дар сарҳад бо Тоҷикистон ба ҳолати омодабош даровардааст. Мақомоти Қирғизистон дар иддаои тоза гуфтанд, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 26-уми сентябр сокини ноҳияи Лайлаки Қирғизистон Урозбек Мирзоевро дастгир карда, пас аз мулоқоти раҳбарони идораҳои марзбонии вилоятҳои Бодканд ва Суғд ӯро озод намуданд.Ҷониби Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.