Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари афғон мехоҳад, навзодаш шаҳрванди Тоҷикистон шавад. ВИДЕО


Таҳмина Талош, паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон
Таҳмина Талош, паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон

Як оилаи паноҳандагони Афғонистон, ки нахустин фарзандашон дар Тоҷикистон ба дунё омад мехоҳанд тифлашон шаҳрванди ин кишвар шавад.

Ҷанг дар Афғонистон сабаб шуд, Муҳаннои чаҳормоҳа на дар вилояти Тахор, балки дар ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон ба дунё ояд. Ӯ нахустин фарзанди оилаи ҷавон аз Афғонистон аст, ки хонаводааш моҳи май аз тарси "Толибон" ба Тоҷикистон паноҳ овард.

Таҳмина Талош, ки обистан буду мебоист нахустин фарзандашро ба дунё орад бо сахтиҳое худро ба Тоҷикистон расонд, то фарзандаш инҷо ба дунё ояду ояндаи беҳтаре дошта бошад.

Ӯ гуфт: "Охирҳои моҳи нуҳам буд, ҳеҷ намехостам, ки аз Тахор сафар дошта бошам. Мушкилоти маро, як зан метавонад дарк кунад. Вале ба хотири оянда, ки вазъи нигарокунанда буд, гуфтем, агар тифл дар Афғонистон ба дунё ояд, мо пуле надоштем, ки се нафарро паспорту визаву дигар санадҳоро бигирем. Ба ҳамин хотир гуфтем, ки ба кишвари дуввум равем, он ҷо ки ба дунё ояд, як умедворие барои ояндааш бошад, паспорти ҳамин кишварро бигирад."

Таҳминаи 24 сола донишгоҳро хатм кардааст ва мегӯяд, дар вилояти Тахор ба ҳайси фаъоли ҷомеаи маданӣ кор мекард. Шавҳараш Тамими Талош дар Комиссиёни интихоботӣ кор мекард ва Толибон борҳо ӯро ба марг таҳдид карданд.

Ин мард, рӯзи 23-юми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки рӯзҳои ахири зиндагияш дар Тахор замоне буд, баъзе минтақаҳои атрофаш ба дасти Толибон суқут мекард. "Ман дар як ҷои калоне кор мекардам, тақрибан 60-70 нафар зери дастам кор мекард, кормандони одии маро дасту пояшонро буриданд, куштанд, террор кардан. Ҳамин Толибоне, ки феълан ҳукуматро гирифтанд, дар шаҳри Толқон ду бор ба ман ҳамла карданд, ки ҷон ба салмат бурдам. Мехостанд террорам кунанд, чун дар ниҳоде кор мекардам, ки демокурсиро тарғиб мекардам, ҷони худаму хонумам дар хатар буд ва билохира маҷбур шудам ба кишвари дуввум, яъне Тоҷикистон паноҳ бубарем",-гуфт ӯ.

Мегӯяд, бо ҳамсараш аз роҳи заминӣ имкони баромадан аз Тахорро надошт, зеро роҳҳо дар ихтиёри Толибон буд. Ба қавли ӯ, бо як ҳавопаймои низомӣ бо шуморе аз кормандони давлатӣ ба Кобул расидаанд ва сипас тариқи Дубай ба Тоҷикистон омадаанд.

Гузориши видеоиро инҷо бубинед:

Волидони Муҳанно аз тарси Толибон ба Душанбе гурехтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Падари ин хонавода ҳоло коре надорад, аммо дар ноҳияи Рӯдакӣ барои хонаи иҷора ҳазор сомонӣ моҳе бояд пардозад. "Мо як кадр будем, насли рӯшанфикри Афғонистон будем, ин ҷо омадаем бо сад сертификату сипосномаву таҷрибаи корӣ, лекин бубинед бекорӣ суроғамонро гирифтааст, як ташвиши рӯҳӣ барои ман пайдо шудааст, ки 18 сол таҳсил кардам, акнун дар кишвари дуввум мушкилоти иқтисодӣ домангирамон шудааст",- гуфт Тамими Талош.

Волидони Муҳанно орзу доранд, ки духтарашон шаҳрвандии Тоҷикистонро соҳиб шавад, оянда кору зиндагияшро дар кишвар идома диҳад, аммо намедонанд, ки то куҷо ин имконпазир аст. Ҳоло Муҳанно танҳо як санад дорад. Ин зоднома ё шаҳодатномаи таваллуд аст, ки аз сӯи Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Рӯдакӣ ба ӯ додаанд.

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, ин тифл ҳаққи соҳиб шудани шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад. Ҷӯраев гуфт, тибқи қонуни асосии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ, таваллуд шудан дар қаламрави Тоҷикистон яке аз асосоҳои соҳиб шудани шарҳвандии кишвар аст.

Толибон, ки ҳоло ҳукумати Афғонистонро ғасб кардаанд, борҳо таъкид доштанд, ки ба афроди мулкӣ ва кормандони давлатӣ коре надоранд. Аммо Тамиму Таҳмина мегӯянд, ба ҳарфи ин гурӯҳ бовар надоранд ва дигарбора намехоҳанд ба Афғонистон баргарданд.

Падари Муҳанно мегӯяд, "ҳоло тақдири мо мисли садҳо, ҳазорҳо ҳамватанамон, ки аз кишвар берун шудаанд, норӯшан аст. Як дархостамон ҳамин аст, ки дар чунин шароит ба мо бештар таваҷҷуҳ шавад, ки як ҷое кор ёбем, зиндагиямонро пеш барем."

Баъди ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, садҳо ҳазор нафар аз ин кишвар фирор карданд ва қисме ҳам ҳоло барои муваққат ва мунтазири муҳоҷират ба Аврупо ё ҷои дигар ҳастанд. Теъдоди онҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд, маълум нест.

ИНЧНУИН, БУБИНЕД:

XS
SM
MD
LG