Попи Рум Франсис аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки паноҳҷӯёни бештарро аз Афғонистон қабул кунанд. Ҷое, ки гурӯҳи тундрави Толибон пас аз вожгунии ҳукумат назоратро ба даст гирифтааст.
Раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи 5-уми сентябр бо ишора ба он ки таҳсили духтарон дар аҳди Толибон маҳдуд ё номумкин аст, гуфт, умедвор аст, "ҷавонони афғон маълумоте гиранд, ки барои рушди инсон муҳим аст."
"Дар ин лаҳзаҳо, ки афғонҳо паноҳ меҷӯянд, ман барои осебпазиртарини онҳо дуо мегӯям", -- гуфт Попи Рум рӯзи 5-уми сентябр. Вай ҳангоми суханронӣ дар миёни садҳо нафар аз пайравонаш аз муҳоҷирон ва паноҳандагон дифоъ кард.
Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигари узви НАТО то 30-юми август даҳҳо ҳазор афғонеро, ки зери хатар буданд, аз Кобул ба берун бурданд. Даҳҳо ҳазор нафари дигар ҳанӯз дар Афғонистон мондаанд.