Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моҳҳо оббозӣ намекунанд". Тасвири муҳоҷирони афғон аз Толибон дар Украина


Ҷангиёни Толибон дар яке аз боғҳои шаҳри Ҳирот
Ҷангиёни Толибон дар яке аз боғҳои шаҳри Ҳирот

Баъд аз оне, ки ҳукумати Афғонистон аз сӯи Толибон ишғол шуд, орзӯҳои ҳазорон сокинони ин кишвар барбод рафт. Аз тарси кушта шудан, онҳо бо даст додани аввалин имконият ватанро тарк карданд. Даҳҳо нафарашон ба мисли оилаи Маҷиди Ид ба Украина фирор кардаву акнун маҷбуранд,зииндагиро аз сифр шурӯъ намоянд.

Маҷиди Ид ҳамроҳ бо аҳли оилааш бе чизу чора муҳоҷират кард. Ҳама чиз дар Афғонистон монд. Ба гуфтааш, дар фурудгоҳи Кобул пеш аз ба ҳавопаймо нишастан онҳое ҳам, ки бо худ чизу чора доштанд, маҷбур шуданд онро дар майдони ҳавоӣ партофта раванд, чунки хатари аз ҳад зиёд вазнин шудани ҳавопаймо вуҷуд дошт. Рӯзе, ки хонаводаи Маҷид аз Кобул парвоз кард, дар фурудгоҳ таркиш рух дод.

Маҷид мегӯяд, дар Афғонистон як ҳавливу хонаи чорошёна сохт ва мошин ва дар бонк пул ҳам дошт. Вақте Толибон қудратро ба даст гирифтанд, Маҷид ба қароре расид, ки бояд кишварро тарк карда ҳамроҳ бо хонаводааш фирор кунад. Чун мегӯяд, Толибон роҳзананд: “мафия, хулигананд. Вақте худат онҳоро мебинӣ, метарсӣ. Онҳо ифлосанд, онҳо моҳҳои дароз оббозӣ намекунанд. Наздик омада намешавад, сару либосашон ҳам ҳамин хел. Мӯйлаб ин хел, худаш ин хел. Ман ҳам тарсидаму ришамро дароз кардам."

Маълум нест, ки зиндагии Маҷид дар Украина чӣ хел мешавад. Ӯ пеш аз ҳама мехоҳад, ки фарзандонаш дар мактаб таҳсил кунанд. Худаш розӣ аст, ки ҳар кореро, ки ёбад, анҷом диҳад. Фарзандони Маҷид – Марвои як сола ва Самии 14-сола мегӯянд, бисёр орзуву ҳавасҳои онҳо бо омадани Толибон барбод рафт.

Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед:

"Вақте онҳоро мебинӣ, метарсӣ. Мӯйлаб ин хел, худаш ин хел"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Марво Ид, духтари 12 солаи Маҷид мегӯяд, баумед буданд, ки Афғонистон дигар мешавад: "вале бо омадани Толибон таркишҳо сар шуд, дар кӯчаҳо одамонро мекуштанд. Ин хеле бад аст, мо дар ташвиш будем."
Алӣ Рамазон – падари оилаи дигарест, ки ба шаҳри Одесса оварда шуд. 11 сол пеш Алӣ дар Украина зиндагӣ мекард, вале баъд ба Афғонистон кӯчида он ҷо ҳамчун ронандаи мошини борбар ба кор даромад. Онҳо дар Мазори Шариф зиндагӣ мекарданд ва вақте Толибон ба ин шаҳр наздик омаданд, Алӣ ба Кобул фирор кард ва аз он ҷо талош кард ба хориҷа гурезад.

Оилаи Алӣ ва Маҷидро дар як хонаи сеутоқааш дар Одесса як марди дигари афғон, Акбар Муҳаммад Салмай муваққатан ҷой додааст. Як намояндаи хадамоти муҳоҷирати Одесса гуфт, ки ҷомеаи афғонҳо ҳамаи муҳоҷирони афғонро бо машварат дар хонаҳои худ ҷой додаанд.

Елена Погребняк, сардори раёсати давлатии хадамоти муҳоҷирати вилояти Одессаи Украина мегӯяд, ҷамоаи афғонҳо хеле бомасъулият рафтор кардаву ҳамтаборони худро ёрӣ доданд. “Кор бисёр буд ва бояд дар як вақт бо нафарони хеле зиёд сӯҳбат мекардем. Ба кӣ чӣ лозим. Дар ин ҳолат ҷамъияти афғонҳо бо масъулияти тамом муносибат кард. Мо дар хадамоти муҳоҷират, чунин рафтори бомасъулияти як ҷамъиятро надида будем»-, гуфт Погребняк.

Рӯзи 31-уми август 133 шаҳрванди Афғонистон ба Украина расиданд. 48 нафарашон калонсолу боқимондаҳо кӯдак мебошанд. Муҳоҷири хурдтарин 7-рӯза аст. Ӯ дар майдони ҳавоӣ чашм ба дунё кушод, вақте волидонаш мунтазири берун рафтан аз кишвари зери назари Толибон буданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG